Фактчекnews | Маҳфили шоҳмотбозӣ дар Мактаби Президентӣ (видео)

0
1091
chess
АКС: Pixabay

Сироҷиддин Хоҷаев ҳанӯз аз 10-солагӣ ба шоҳмотбозӣ шурӯъ кардааст. Ӯ бозии шоҳмотро дар айёми кӯдакиаш, ки вақте бемор шуда, дар беморхона бистарӣ гардид, омӯхтааст.

– Дар ҳамон ҷой бо шахсоне, ки шоҳмот бозӣ мекарданд, шинос шудам. Пас аз муолиҷа дар хона бозии шоҳмотро идома додам, – гуфт ӯ.

Ҳоло Хоҷаев дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон омӯзгори шоҳмот аст. Ӯ дар ин мактаб панҷ сол инҷониб фаъолият мебарад. Бо роҳбарии ӯ дар ин мактаб маҳфили шоҳмот низ амал мекунад.

Сироҷиддин Хоҷаев ба шогирдони худ ҳамеша маслиҳат медиҳад, ки барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан, бояд дар як рӯз на кам аз 4 соат бо шоҳмот машғул шуд.

Муфассал дар кэпшн-видеои мост.

Гулорохон ТӮРАЕВА,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here