Фактчекnews | Истеҳсоли наздики 50 намуди адрас дар Хуҷанд (видео)

0
1536
adras
АКС: © JMBpictures

Дар зарфи панҷ соли ахир Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ба номи Зулфия Баҳриддинова 40-50 намуди адрасҳоро истеҳсол намудааст.

Ба иттилои сарвари Марказ Мавҷуда Ҳакимова, адрасҳо 100% аз пахта буда, ҳар як нусхаҳои матои истеҳсолшуда тӯли 5 сол якдигарро такрор намекунанд ва онҳо ба худ хос мазмуну ҷило доранд.

– Дар ин Марказ бештар занони хонашин кор мекунанд. Барои ба ин шуғл ҷалб намудани занҳои хонанишин, барнома омода гардид. Худ, ки раиси маҳалла будам, хостам, ки дар канор набошам, – илова кард Ҳакимова.

Масъулони ин марказ нақша доранд, ки сафи занҳоро ба ин касб боз зиёд намоянд.

Муфассалтар дар кэпшн-видеои навбатӣ.

Рухшона ЮНУСОВА,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here