Фактчекnews | Муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе маҳсули дастони ӯст (видео)

Муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки соли 2018 аз тарафи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе боз шуд, маҳсули дастони ӯ мебошад.

Ғафур Ҷӯраев, аз зумраи рассмон ва ҳайкалтарошони номии кишвар ва берун аз он дониста мешавад, ки асарҳояш дар осорхонаҳои Русия, Олмон ва Чин гузошта шудаанд.

Ӯ ҳатто бо наққоши чинӣ Чен Ҷзян дӯстии байни Тоҷикистону Чинро ба тасвир кашидааст. Айни ҳол, ҷонишини Президенти байналмилалии рассомони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар кишварҳо дар Чин аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 1999 галереяи «Сомониён» маҳз бо шарофати ӯ таъсис ёфтааст.

Муфассалтар дар кэпшн-видеои навбатӣ.

Манижа ТУРСУНОВА,

Мактаби расонаии «JMBpictures»

Нашри мазкур дар доираи Лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иҷро шудааст. Ақидаи муаллиф (муаллифон)-и нашр ва мундариҷаи ин мавод метавонанд бо акида ва мулоҳизаҳои Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь