Чӣ санҷида шуд?
Бинобар хабарҳои ахир оид ба намуди нави коронавирус дар кишварҳои аврупоӣ ва шадид шудани ҳолати қарантин дар Қазоқистон, хабарҳои ҷаълӣ ё фейкӣ атрофи табобати ин вирус бо усули «бобоӣ» дубора бештар паҳн шуданд.
Қаблан низ дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо мардум ба паҳн кардани навиштаҷотҳое шурӯъ карданд, ки гӯиё ҳазориспанд ва сирпиёз метавонад (бойгонӣ), пеши роҳи паҳншавии коронавирусро биград, ё шахси беморро бо истифода аз ин маҳсулоти одӣ метавон табобат кард.
Маҳз мубодилаи ин паёмакҳо аз ҷониби ҳазорон нафар тариқи месенҷерҳо боиси баланд шудани нархи ин маҳсулот дар саросари кишвар шуд.
Дар маводи худ, тасмим гирифтем, ки то чӣ андоза дуруст будани хабарҳоро мавриди далелсанҷӣ қарор диҳем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар саҳифаи расмиаш таъкид намудааст (бойгонӣ), ки то ҳол ягон намуд доруи зиддивирусии COVID-19 расман тасдиқ нашудааст, вале новобаста ба ин, олимони тамоми ҷаҳон барои дарёфт ва эҷоди воситаҳои табобати COVID-19 кор мебаранд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Барои дарёфти посухи дақиқ, нахуст саҳифаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ)-ро ҷустуҷӯ кардем. «Сирпиёз як ғизои солим аст, ки метавонад дорои баъзе хосиятҳои зиддимикробӣ бошад, аммо аз хуруҷи феълӣ ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки хӯрдани сирпиёз мардумро аз коронавируси нав ҳифз кардааст», – таъкид мешавад, дар бахши «Асотир ва тасаввуроти ғалат»-и СҶТ (бойгонӣ).
Эпидемиолог Маҳмадалӣ Табаров низ дар суҳбат бо сомонаи «Фараж» тавзеҳ додааст (бойгонӣ), ки «истифодаи сирпиёзу ҳазориспанд барои маҳв ё пешгирӣ аз коронавирус ягон асоси илмӣ надорад».
Гузашта аз ин, сомонаи Factcheck.kz ҳанӯз аввали моҳи апрел далелсанҷиеро анҷом дода, собит карда буд, ки занҷабил, пиёз, сир ва дигар «доруҳо» барои пешгирӣ ва табобати коронавирус кӯмак намекунанд. «Агар шумо бемор шудед, беҳтараш ба духтур муроҷиат кунед.
Хулоса
Санҷиши далелҳо исбот кард, ки гарчанде ҳазориспанд ва сирпиёз хусусиятҳои пешгирӣ аз вирусҳоро дошта бошанд ҳам, аммо ҳеч далели илмие вуҷуд надорад, то собит кунад, ки ин маҳсулот бемории коронавирусро табобат ё пешгирӣ мекунад.
Аз ин рӯ, мо ба хабарҳои паҳншуда оид ба «Ҳазориспанд ва сирпиёз – давои коронавирус!» ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро раво донистем.
Алишер КУКАНБЕКОВ