Фактчекnews | Хабарнигори Factcheck.tj «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон» дониста шуд

0
936
Farzonai Umarali
Фарзонаи Умаралӣ | АКС аз саҳифаи фейсбукӣ

Рӯзноманигор ва далелсанҷ Фарзонаи Умаралӣ дар озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон» ғолиб гардид.

Матлаби ӯ таҳти унвони «COVID-19, муҳоҷират ва бекорӣ: чӣ гуна бозгашти зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба вазъи бекорӣ дар кишвар таъсир мерасонад?», ки дар сомонаи Factcheck.tj нашр шудааст, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин матлаб дар ВАО оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ» эътироф гашта, муаллиф сазовори диплом ва тӯҳфаи хотирмон гардид.

Озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон», ки ҳамасола аз ҷониби Маркази ҳуқуқи инсон баргузор мегардад, имсол ҷамъбасти он тариқи онлайн сурат гирифт ва аз рӯи 6 номинатсия:

– муҳоҷири меҳнаткаш – ҳимоятгари ҳуқуқи инсон;

– беҳтарин матлаб дар ВАО оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ;

– журналист-тадқиқотгар;

– намояндаи беҳтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– таҷрибаи беҳтарини фаъолияти ҷамъиятӣ ва ё саҳми хизматчии давлатӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ (номинатсия барои хизматчиёни давлатӣ);

– беҳтарин ташаббус/лоиҳае, ки ба ҳамгироии иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии баргашта нигаронидашуда 7 нафар ғолиб дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон, ки ҳамасола санаи 18-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, баргузор шуд.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here