Дурӯғ | Кӯмаки ғайриодии Амир Хон дар дохили 1 кило орд

Чӣ санҷида шуд?

Давоми чанд моҳи ахир дар месенҷеру шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре дар бораи амали хайру эҳсони ҳунарманди номии Ҳиндустон Амир Хон паҳн мешавад. Дар хабар сухан перомуни эҳсонкории ғайриодии Амир Хон меравад, ки гӯиё аз номи ӯ дар дохили 1 кило орд 15 000 рупия ё муодили 200 доллар гузошта, ба мардуми мӯҳтоҷ тақсим карда бошанд. Ин амали ғайричашмдошти ситораи синамои Ҳинд хабаргузориҳои байналмилалиро ба қавле «таркониданд».

Ҳукмнома: Дурӯғ

Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки хабари дар дохили бастаҳои орд пинҳон кардани 15 000 рупия (200 доллар) ва тақсим кардани он ба мӯҳтоҷон аслан ба ҳунарманди шинохтаи Ҳинд Амир Хон ҳеч рабте надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, акси бастаҳои орд бо пулро дар абзори TinEye мавриди санҷиш қарор додем. Маълум шуд, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ ин хабар расонаӣ шуда, онро чанд хабаргузориҳои дигар бознашр кардаанд.

Скриншоти санҷиши акси бастаҳои орд бо 15 000 рупия (200 доллар)

Fact Hunt – аз платформаҳоест, ки дар самти дарёфти хабарҳои ҷаълӣ ё фейкӣ машғул аст, 28-уми апрели соли равон ин хабарро санҷида, аз дурӯғ будани он иттилоъ додааст. Ба иттилои Fact Hunt, дар воқеъ ин амали ғайриодӣ аз тарафи шахси номаълум дар яке аз маҳалҳои ноободи камбағалони кишвари Ҳинд анҷом дода шудааст, вале на аз ҷониби ситораи Болливуд – Амир Хон.

Сипас, саҳифаи расмии ин ҳунармандро дар шабакаи Twitter ҷустуҷӯ намудем. Баъд аз пайдо кардани саҳифаи Амир Хон дар Twitter, доир ба ин эҳсонкории ӯ маълумотеро пайдо кардем:

– Бачаҳо, ман он нафаре нестам, ки пулро дар бастаҳои гандум андозам. Ё ин як қиссаи комилан бофта аст ва ё Робин Ҳуд намехоҳад, худро ошкор созад!, – навиштааст Амир Хон.

https://twitter.com/aamir_khan/status/1257165603678240768

Хулоса

Хабари кӯмаки ғайриодии Амир Хон, ки гӯиё аз номи ӯ дар дохили 1 кило орд 15 000 рупия ё муодили 200 доллар гузошта, ба мардуми ниёзманд тақсим кардаанд, асоси воқеӣ надорад ва он «Дурӯғ» мебошад.

Бахтиёр КОМИЛОВ


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь