Чӣ санҷида шуд?
5-уми январи соли 2021 дар сомонаи Oila.tj хабаре таҳти сарлавҳаи «Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус» нашр шудааст (бойгонӣ). Дар хабар омадааст, ки балеринаи маъруфи рус Анастасия Волочкова дар сафҳаи Инстаграми худ аксашро бо хизматгорзани тоҷик мунташир карда, аз ӯ Лола ном бурдааст.
Ин дар ҳолест, ки худи Волочкова борҳо аз ироаи маълумоти бештар дар бораи хизматгораш ба расонаҳои хабарии Русия худдорӣ мекард.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки воқеан ҳам Анастасия Волочкова дар саҳифаи Инстаграми худ аксашро бо ин тоҷикзан гузошта, ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст (бойгонӣ).
Чӣ гуна санҷида шуд?
Сомонаи Oila.tj, ки хабарро дар такя ба саҳифаи Инстаграми Волочкова таҳия намудаст, барои боварӣ ҳосил намудан ба дурустии он мо саҳифаи балеринаи маъруфи русро мавриди санҷиш қарор додем. Саҳифаи расмии ӯ бо номи @volochkova_art дар шабакаи иҷтимоии Instagram қайд шудааст. Маълум гардид, ки дар ҳақиқат 4-уми январи соли ҷорӣ Анастасия Волочкова аксашро ҳамроҳи ин тоҷикзан дар саҳифааш гузошта, ӯро бо зодрӯзаш табрик намудааст. Ба гуфтаи балерина, давоми 5 сол инҷониб Лола дар манзили ӯ кору зиндагӣ мекунад ва ҳамчун аъзои хонаводааш аст.
Вале номи аслии ин тоҷикзан, тавре худи Волочкова ба саҳифаи ӯ – @hilola04.01, ишора кардааст, на Лола, балки Ҳилола мебошад. Азбаски дар алифбои руcӣ ҳарфи «Ҳ» вуҷуд надорад, шояд ба ҳамин хотир Анастасия Волочкова ба ин тоҷикзан на бо номи «Ҳилола», балки бо номи «Лола» муроҷиат менамояд.
Хулоса
Хабари нашрнамудаи сомонаи Oila.tj зери унвони «Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус» асоси воқеӣ дорад ва ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» ном гирифт.
Умедшоҳи ҶУМЪАХОН