Таҳлил | Тоҷикистон: Чаро ба омори расмии қурбониҳои COVID-19 шубҳа доранд?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди фавтидаҳоро аз вируси корона дар ҳафт моҳи соли 2020-ро 86 нафар эълон кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, аз 30-уми апрел то 29-уми ноябри соли 2020 теъдоди гирифторони коронавируси нав ба 12 ҳазору 155 нафар расида, аз ин шумора 11 ҳазору 559 нафар (95,1%) шифо ёфтаанд (бойгонӣ).

Вале бар пояи маълумоти мунташира дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, омори қурбониҳои ин беморӣ даҳҳо маротиба аз омори расмӣ бештар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки раванди сироят аз коронавируси нав дар саросари ҷаҳон идома дорад ва давлатҳои пешрафтаи дунё аз нашру ифшои маълумоти воқеии он сар боз намезананд. Кам ҷилва додани омори қурбониёни коронавируси нав дар Тоҷикистон нигарониҳо ва гумонҳоеро ба бор оварда, шумори фавтидаҳо низ дар кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 беш аз 11% зиёд шудааст.

Иддае аз коршиносон ва таҳлилгарон бар ин боваранд, ки кам нишон додани шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав ангеза ва авомили дигар дорад. Аз ҷумла, ба хотири ҳифзи оромии иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз ташдиди тарсу ваҳшати бавуҷудовардаи ин беморӣ сурат мегирад. Ба назари ин идда аз коршиносон, мақомот барои ҷилавгирӣ аз вуқӯи эҳтимолии ҳар гуна таҳлука ва воҳима дар ҷомеа, шумори воқеии фавтидаҳо аз коронавирусро ночоранд, камтар нишон диҳанд. Вале бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомот заъф ва нокоромадии мудирият дар арсаи беҳдоштии кишвар дар баробари бурузи ин гуна амрози вогирро пӯшонидан мехоҳанд.

Исфандиёри Одина, таҳлилгари тоҷики муқими Лондон, ки бо шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ як саҳифаи вижаеро бо номи Covid-19: Тоҷикистон таъсис дода, масоил ва мушкилоти вобаста ба ин беморӣ дар кишварро пайгирӣ мекунад, иллати кам нишон додани омори фавтидаҳои коронавирус дар Тоҷикистонро ба табиати ин низом, ки ба гуфтаи ӯ, баста ва худкома аст, марбут медонад. Ҷаноби Одина бо ишора ба оғози эълони ба таъхири вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон, ки дар қиёс бо кишварҳои ҳатто ҳамсоя якуним моҳ баъд расман эътироф шуд, мегӯяд, пинҳонкории мақомот аз ҳамон оғози ин беморӣ шурӯъ шуд. Магар ин ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам ночор шуд, як ҳайати бозрасони худро ба Тоҷикистон эъзом кунад ва танҳо як рӯз қабл аз вуруди онҳо ба Душанбе мақомот аз вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон эътироф ва иқрор карданд:

«Давлатҳои худкома саъй доранд, ҳар гуна омор ва иттилоотеро, ки фикр мекунанд, қудрати онҳоро зери суол мебарад ва нуфузашонро мекоҳад, аз мардум махфӣ доранд ва мардумро дар сояи таблиғоти худ нигоҳ дошта бошанд. Давлати Тоҷикистон ҳам ба ҳамин манзур фазои иттилоърасониро башиддат назорат мекунад ва саъй дорад, омору иттилооти ба манфиати худашро, ки бо воқеият созгор нест, ба мардум бидиҳад. Дар ин росто, давлати Тоҷикистон муқаррароте ҳам тасвиб кард, ки ҳамагуна иттилоърасонии ғайрирасмӣ дар бораи короновирусро ҷурм қаламдод мекунад ва агар гурӯҳҳои ҷомеаи маданӣ дар дохил ба шумориши даргузаштагон бипардозанд, онҳоро имкон дорад, боздошт ва муҷозот кунад. Ин тасмимаш ҳаққи озодии баёнро зери по мекунад ва созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ин иқдом башиддат интиқод карданд».

Адами шаффофият ва пинҳонкорӣ дар ироаи омори фавтида ва гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ин бор низ Созмони ҷаҳонии тандурустиро водор кард, ки даст ба иқдом бизанад. Бад-ин манзур, Маркази ҳамоҳангие барои ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҷзияи иттилооти дақиқ аз бемории COVID-19-ро таъсис дод.

Катрин Смолвуд, намояндаи Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ин бора изҳори назар карда, гуфтааст, ин марказ дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба фаъолият мепардозад. Зеро, ба қавли ӯ, ҳанӯз ҳам дар мавриди ирсоли иттилоот аз манотиқи дурдасти Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ дар бораи теъдоди беморон, афроди шифоёфтаву вазъи мубориза бо COVID-19 мушкилоте вуҷуд дорад:

«Ман аввалҳои моҳи ноябр дар Тоҷикистон будам ва аз наздик бо иқдомоти Вазорати тандурустии ин кишвар барои муқобила бо густариши вируси корона ошно шудам. Агар Маркази ҳамоҳангии мавриди назари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсис шавад, мо метавонем ба иттилои дақиқ аз вазъи COVID-19 дар ин кишвар огоҳии дуруст пайдо кунем».

Дар ҳамин ҳол, Мирзоқул Ҳоҷиматов, пизишки тоҷики муқими Русия нашру дарҷи омори дақиқи фавтида ва гирифторони коронавируси навро тадбире мешуморад, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ҷаноби Ҳоҷиматов гуфт, бо коронавирус бояд ҳамчун як бемории иҷтимоӣ мубориза кард. Кам нишон додани ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ баръакс ба густариши он сабаб мешавад ва ҷомеаро бепарвою фориғбол мекунад. Дар ҳоле, ки ин тавр набояд бошад. Расонидани иттиллои воқеӣ ва саривақтӣ одамонро барои эҳтиёткорӣ, парҳез ва риояи қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ водор месозад. Аз сӯи дигар мегӯяд, ин пизишки тоҷик пинҳон нигоҳ доштани воқеияти ин беморӣ арсаи тандурустии Тоҷикистонро, ки ниёзи шадид ба кӯмаки беруна дорад, маҳрум аз чунин кӯмакҳо мекунад:

«Ҳар чизе, ки воқеият дар бораи ин беморӣ ҳаст, онро бояд ошкоро эълон кард. Дар ин сурат таваҷҷуҳи давлат ва созмонҳои байналмилалии ёрирасон мизони кӯмакҳои башарии худро бештар мекунанд. Вале агар мо пинҳон бидорем, аз ин кӯмакҳо маҳрум мешавем ва ҳамаи онҳо ба самти кишварҳое мераванд, ки дар муоина ва дармони гирифторони коронавирус камбуд доранд. Дар ҳоле, ки ҳамагон огоҳем, арсаи тандурустии Тоҷикистон сахт мӯҳтоҷи дастгирӣ ва ёриҳои беруна мебошад».

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳоле теъдоди фавтиҳо аз коронавируси нав дар Тоҷикистонро 86 нафар баровард мекунад, ки дар як гузориши Радиои Озодӣ дар рӯзи 25-уми ноябр рӯйхати 225 нафарро нашр кард (бойгонӣ), ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо, аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Афзун бар ин, тибқи маълумоти ироакардаи Оҷонсии омори Тоҷикистон (бойгонӣ), дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори фавтидаҳо дар Тоҷикистон 18,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 беш аз 11% афзудааст.

Маъмурхон Акрамов, пизишки тоҷик дар яке аз бемористонҳои шаҳри Ҳелсинкии Финляндия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «агар таҳлили омор нишон диҳад, ки имсол воқеан дар Тоҷикистон мизони маргу мир аз илтиҳоби шуш бештар шудааст, пас, шубҳае нест, ки ин амр ба хуруҷи бемории COVID-19 рабт дорад» (бойгонӣ).


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь