Дурӯғ | «Обанбори Қайроққум» вайрон шудааст

Чӣ санҷида шуд?

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Бекободи Ӯзбекистон шабонгоҳ бо мо дар тамос шуда, хабар доданд, ки дар баъзе минтақаҳои ин кишвари ҳамсоя байни аҳолӣ овозаҳо дар мавриди вайроншавии «Обанбори Қайроққум» (имрӯза «Баҳри тоҷик»)-и Тоҷикистон паҳн гардидааст.

Ба нақли мусоҳибони мо, асосан аҳолии минтақаҳои Сирдарё, Мирзообод ва Оқолтин аз бими он, ки оби ин обанбор ба онҳо зарар мерасонад, аз паҳни хабари мазкур ба таҳлука афтода, ҳатто тарки манзилҳояшон кардаанд.

Ваҳму таҳлукаи мардуми ҳамсоякишвар аз паҳни ин овозаҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз 1-уми майи соли 2020 обанбори «Сардоба» дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон вайрон шуда, дар натиҷа чанд минтақаҳои аҳолинишинро хароб кард ва чанде аз сокинони роҳи оби обанбор бесарпаноҳ монда буданд.

Бинобар ин, мусоҳибони мо хоҳиш намуданд, ки дурустии ин хабарро дақиқ намоем.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Овозаҳо дар мавриди вайроншавии «Обанбори Қайроққум» дурӯғи маҳз аст ва ҳеч асоси воқеӣ надорад.

Скриншоти паёмакҳои овоза аз месенҷери Telegram

Чӣ гуна санҷида шуд?

Баъд аз паҳни овозаҳои мазкур Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон бо такя ба намояндагони ин ниҳод дар Тоҷикистон овозаҳои мазкурро рад кардаанд. Раддияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон дар телеграм-канали расмии ин мақомот (бойгонӣ) ва дар хабаргузории KUN.UZ ба нашр расидааст (бойгонӣ). Дар раддия гуфта шудааст, ки хабарҳо дар мавриди вайроншавии «Обанбори Қайроққум», ки шаби 14-уми январ тариқи месенҷеру шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, овозае беш нест. «Ба иттилои дақиқи масъулини идораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, «Обанбори Қайроққум» дар ҳолати хуб қарор дошта, ба таври мӯътадил фаъолият дорад», – навиштааст манбаъ.

Зимнан, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон аз сокинон даъват кардааст, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд.

Дар ин робита, мақомоти маҳаллии вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон низ дар телеграм-канали расмиаш эълон кардааст (бойгонӣ), ки Ғафурҷон Мирзоев, раиси ин вилоят шабонгоҳ бо баландгӯяк дар минтақаҳои аҳолинишин гашта, мардумро аз дурӯғ будани хабари мазкур огоҳ намудааст.

Зимни ҷустуҷӯи сомонаҳо ва месенҷерҳои мутаалиқ ба ӯзбекистониён мо акси навореро аз тариқи паёмрасонҳо пайдо кардем, ки ҷавоне бо чунин сарлавҳа дар навор мардумро огоҳ кардааст: «Обанбори Тоҷикистон вайрон шуд, оҷилан паҳн кунед!». Ҳарчанд талош кардем, ки навори мазкуро аз YouTube пайдо кунем, вале азбаски муаллиф наворро пок кардааст, натавонистем, онро пайдо созем.

Скриншоти навори овоза

Баъд аз паҳни чунин овозаҳо ҳатто баъзе аз донишҷӯёни Ӯзбекистонии дар Тоҷикистон таҳсилдошта, нимашаби 14-уми январ ба «Обанбори Қайроққум» рафта, барои бовар кунонидани мардум аз ҳолати мӯътадили ин обанбор тавассути паёмрасонҳо навореро ҳам нашр кардаанд (бойгонӣ).

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳанӯз расман ин хабарро шарҳ надодаанд.

Хулоса

Вайроншавии «Обанбори Қайроққум», ки асосан миёни аҳолии ҳамсоякишвари Ӯзбекистон паҳн шуда, мардумро ба таҳлука андохтааст, овозае беш нест. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ» мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь