Чӣ санҷида шуд?
10-уми марти соли равон сомонаи расмии ҳафтаномаи «Фараж» маводеро таҳти унвони «Вазири тандурустӣ пас аз воксинзанӣ дар беморхона бистарӣ шуд» ба нашр расид (бойгонӣ). Ҳарчанд сарлавҳаи мавод суолбарангез асту маълум нест, ки сухан дар бораи кадом вазири тандурустӣ меравад, вале дар матни мавод омадааст, ки вазъи саломатии вазири тандурустии Австралия Грег Ҳант рӯзи 9-уми март, баъд аз чанд рӯзи истифодаи воксини AstraZeneca, бад шудааст.
Нашри ин мавод дар ҳолест, ки шоми 8-уми март дар ҳаҷми 192 000 воя воксини тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд (бойгонӣ). Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи 9-уми март аз ворид шудани маҳз ҳамин вояи воксини AstraZeneca бар зидди бемории СOVID-19 хабар дод ва баъд аз нашру паҳни ин хабар дар шабакаи иқтимоии Facebook, баҳсу баррасиҳои зиёдеро ба миён овард, ки боис ба санҷиши мо шуд.
Ҳукмнома: Дасткорӣ бо унсурҳои кликбейт
Гузоштани чунин як сарлавҳаи ҳангомабарангез миёни хонандагон суолу овозаҳои зиёдеро ба бор овард. Чун як қисми корбарон гумон карданд, ки вазири тандурустии Тоҷикистон пас аз воксинзанӣ дар беморхона бистарӣ шудааст (бойгонӣ). Вале дар асл ин як шеваи дасткорӣ аст, бо истифода аз усули кликбейт.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Сараввал, бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди дар сарлавҳаи хабар набудани маълумот дар бораи вазири кадом кишвар, вале дар матни он гуфта мешавад, ки ӯ – Грег Ҳант, вазири тандурустии Австралия аст. Дар хабар омадааст, ки Грег Ҳант баъд аз чанд рӯзи қабули воксини AstraZeneca, аҳволаш бад шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст. «Вазъи саломатии вазир рӯзи 9-уми март, баъд аз чанд рӯзи истифодаи воксини AstraZeneca, бад шудааст, вале табибон мегӯянд, ки ҳолати ӯ бо воксин иртибот надорад. Дар ин бора аз дафтари вазири тандурустии Австралия Грег Ҳант ба хабаргузории Reuters хабар додаанд», – омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «ABC»-и Автралия бо нашри матлабе навиштааст (бойгонӣ), ки вазири тандурустии Австралия Грег Ҳант пас аз ду рӯзи эмкунӣ алайҳи коронавирус бо гумони сироятёбӣ дар беморхона бистарӣ шуд. Дар хабар қайд мешавад, ки охири ҳафтаи гузашта Ҳант воксини бритониёии «AstraZeneca»-ро қабул кардааст. Аммо масъулини Вазорати тандурустии ин кишвар изҳор медоранд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, бемории ӯ бо воксинзанӣ ҳеч рабт надорад.
Хулоса
Вазири тандурустии Австралия Грег Ҳант пас аз ду рӯзи истифодаи воксини AstraZeneca алайҳи коронавирус ба бемористон бистарӣ шудааст. Аммо ин ки сомонаи расмии ҳафтаномаи «Фараж» хабарро бо сарлавҳаи «Вазири тандурустӣ пас аз воксинзанӣ дар беморхона бистарӣ шуд» нашру паҳн кардааст, кликбейт аст. Аз ин хотир, мо ба маводи мазкур ҳукмномаи «Дасткорӣ бо унсурҳои кликбейт»-ро нисбат додем.