24 март ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи сил таҷлил карда мешавад. Бемории сил, чун бемории сироятӣ 9000 сол инҷониб маълум аст. Аз ин беморӣ ва сари вақт табобат накардани он ҳар сол то 1,5 млн. нафар одамон мефавтанд. Мувофиқи тадқиқоти олимони соҳа, дар гени 3%-и одамон шакли вазнини сил ҷой дорад. Гуфта мешавад, аксари беморони сил нафароне мебошанд, ки масунияти паст доранд ва ба маҳсулоти босифати хӯрокворӣ дастрасӣ надоранд.
Ин сана бо қарори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар рӯзе, ки микробиологи немис Роберт Кох бори аввал бемории силро соли 1882 кашф карда буд, эълон шудааст. Баъдтар, дар соли 1905 Роберт Кох соҳиби ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб гаштааст.
Барои пайдо кардани иттилои бештар дар бораи бемории сил ба суолҳои тести «Зира Медиа» ҷавоб дода, маълумоти аниқро дарёфт кунед!
Сил чӣ гуна беморӣ аст? (ex.co)