Фейк | Ишғоли постгоҳи «Хоҷаи Аъло»-и Тоҷикистон аз ҷониби низомиёни Қирғизистон

Чӣ санҷида шуд?

Дар пайи муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, шоми 29-уми апрел расонаҳои Қирғизистон хабареро нашр намуданд, ки гӯиё постгоҳи ҳарбии воқеъ дар минтақаи «Хоҷаи Аъло»-и Тоҷикистон аз ҷониби низомиёни Қирғизистон забт карда шудааст.

Хабаргузории қирғизии «K-News» (бойгонӣ) менависад, ки отряди нерӯҳои вижаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон як посгоҳи Тоҷикистонро, ки бо номи «Хоҷаи Аъло» маъмул аст, забт кард. Бо ишора ба ВАО-и Қирғизистон, расонаҳои русӣ низ, амсоли «Лента.Ру» (бойгонӣ), «ТАСС» (бойгонӣ), «Москва24» (бойгонӣ) ва «Фергана.Ру» (бойгонӣ) дар ин бора хабар нашр намудаанд.

Дар аксе, ки баъзе аз расонаҳо истифода кардаанд, бинои дуошёна, ки зоҳиран ба қисми ҳарбӣ монанд аст, дар коми оташ буда, дар назди бино парчами Қирғизистон намоён аст. Бо мақсади муайян кардани дурустии ин хабар онро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Скриншот аз сомонаи Lenta.ru

Хабари аз ҷониби низомиёни қирғиз забт шудани постгоҳи «Хоҷаи Аъло» ягон воқеият надорад ва зоҳиран чанде аз расонаҳои Қирғизистон хабари беасос ва носанҷидаро паҳн кардаанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тавре дар боло ёдовар шудем, аввалин нуктае, ки ба Тоҷикистон дахл доштани ин постгоҳро зери суол мегузорад, намоён будани парчами Қирғизистон дар назди биное, ки сӯхта истодааст (Нигаред ба аксҳои зер, ки аз хабаргузориҳои Қирғизистон гирифта шудааст).

Дигар ин ки 30-уми апрели соли равон Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ (бойгонӣ) хабари аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон ишғол шудани постгоҳи «Хоҷаи Аъло»-ро рад кард.

Иқтибос:

«Маълумот дар бораи забти постгоҳи марзии «Хоҷаи Аъло»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи махсуси «Бору»-и Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон боз як маълумоти бардурӯғ аст, ки характери иғвоангезона дорад».

Дар идома Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки ба ҳар гуна иғвоҳо дода нашавед.

Скриншот аз сомонаи marzbon.tj

Хулоса

Хабари ишғоли постгоҳи «Хоҷаи Аъло»-и Тоҷикистон аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии Қирғизистон ягон асос надорад ва санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» гирифт. Аз ин рӯ, хабаргузориҳоро зарур мебояд, ки пеш аз нашру паҳни хабарҳои иғвоангезона, то куҷо дуруст будани онро зери санҷиш қарор диҳанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь