Фейк | Туркия омода аст, ба Қирғизистон бесарнишинҳои низомии «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад

Чӣ санҷида шуд?

1-уми майи соли равон хабаргузории русии Avia.pro хабареро таҳти унвони «Туркия омода аст, ба Қирғизистон бесарнишинҳои низомии «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад» нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё Анқара ҳозир аст, ба Қирғизистон дар мубориза бо Тоҷикистон ҳама гуна кӯмаки низомии заруриро расонад.

Чанде аз расонаҳои Русия бо такя ба хабаргузории Avia.Pro хабари мазкурро бидуни санҷиш нашру паҳн карда (бойгонӣ), дар ин бора бонг мезананд. Ин хабар дар расонаҳои Қирғизистон ва фазои интернетӣ баҳсу баррасиҳоеро ба миён овард, ки боис ба санҷиши мо шуд.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш маълум кард, ки ин хабар бофта буда, онро ягон сарчашмаи мӯътамад тасдиқ накардааст.

Скриншот аз саҳифаи хабаргузории русии Avia.Pro

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аввалин нуктаи шубҳаноки мавод ин аст, ки дар он ба ягон манбаи дақиқ истинод оварда нашудааст. Ҳамаи он сомонаҳое, ки ин хабарро нашр кардаанд, бо як мазмун ва матни якхела ба хабаргузории Avia.Pro такя кардаанд.

Дар мавод омадааст, ки хабаргузориҳои Туркия ин маводро бо ишора ба сарчашмаҳои низомие нашр кардаанд, ки аз онҳо ҳатто ном бурда намешавад. Аммо ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки дар ягон расонаи хабарии Туркия чунин маълумот нашр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи далелсанҷии Қирғизистон – Factcheck.kg, низ хабари мазкурро «Фейк» унвон кардааст.

Пас маълум нест, ки ин маълумот аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад нашр шудааст.

Хулоса

Хабари мазкур, ки паҳнкунандаи он сомонаи русии Avia.pro мебошад, ягон асоси воқеӣ надорад. Чун ин хабар бофтаи маҳз худи ҳамин сомона асту бас. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» унвон мегирад.


2 КОММЕНТАРИИ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь