Фейк | Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ ҳавопаймои қиркунандаи МиГ-29-ро ба ҳаво сар дод

Чӣ санҷида шуд?

Хабаргузории «Рressa.tj» 30-уми апрел бо забони русӣ хабареро нашр кардааст (бойгонӣ), ки гӯиё нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон ҳангоми муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳавопаймоҳои ҷангии худро ба осмон бардоштанд. Ба иттилои Рressa.tj, ин тасмим барои пешгирии ҳамлаи густарда ба Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки низомиёни тоҷик, аз ҷумла ҳавопаймои қиркунанда (истребител)-и МиГ-29-ро фаъол намудаанд ва ин техникаи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон гӯиё ба минтақаи низоъ ҳаракат карда, пас аз назорати вазъ ба фурудгоҳҳои худ баргаштаанд.

Бархе аз ВАО-и Қирғизистон, аз ҷумла шабакаи иттилоотии «Next TV» дар такя ба хабаргузории «Рressa.tj» дар ин бора хабар додааст (бойгонӣ). Азбаски хабари мазкур миёни корбарони шабакаи Интернет баҳсҳоеро ба миён овард, мо онро санҷидем.

Ҳукмнома: Фейк

Хабаргузории «Рressa.tj», ки ин маводро нашр кардааст, аслан маводи мазкурро аз сомонаи русии Avia.pro гирифтааст. Дар ҳоле, ки сомонаи Avia.pro бидуни ишора ба манбаи мӯътамад дар ин бора иттилоъ додааст ва зоҳиран маводи мазкур бофтаи маҳз ҳамин сомона асту бас. Зеро, Тоҷикистон чунин намуд ҳавопаймои ҷангӣ надорад.

Скриншот аз сомонаҳои Рressa.tj ва Avia.pro

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1:

Нахуст, тавассути ҷусторҳои Google ва Яндекс матни ин хабарро мавриди санҷиш қарор додем. Ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки аслан маводи мазкурро хабаргузории русии Avia.pro нашру паҳн кардааст (бойгонӣ). Ин сомона 30-уми апрели соли равон навиштааст, ки «Тоҷикистон фавран қиркунандаҳои МиГ-29-ро ба фазо баровард». Вале дар маводи мазкур ба ягон манбаи расмӣ ё мӯътамад ишорае нашудааст. Аз ин рӯ, набудани манбаи дақиқ дурустии ин матлабро зери суол мегузорад.

Санҷиши 2:

Акси ҳавопаймои қиркунандаеро, ки дар маводи сомонаи Avia.pro истифода шудааст, мо онро низ санҷидем. Маълум мешавад, ки акси мазкур дар расонаҳои Русия ҳанӯз чанд сол қабл нашр шудааст (бойгонӣ). Мисол, сомонаи «БФМ.РУ» акси мазкурро 14 ноябри соли 2016 дар маводе, ки аз суқути қиркунандаи МиГ-29-и Русия дар баҳри Миёназамин хабар медиҳад, нашр намудааст (бойгонӣ).

Санҷиши 3:

Вале ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон ҳавопаймои қиркунандаи МиГ-29 дорад? Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки Тоҷикистон дорои чунин намуд ҳавопаймои ҷангӣ нест (бойгонӣ) ва табиист, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.

Хулоса

Далелсанҷӣ нишон дод, ки хабари аз ҷониби нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон фаъолгардонии ҳавопаймои қиркунандаи МиГ-29, ки паҳнкунадаи асосии он сомонаи «Avia.pro»-и Русия асту хабаргузориҳои «Next TV»-и Қирғизистон ва «Рressa.tj»-и Тоҷикистон бидуни санҷиш онро нашр кардаанд, беасос ва сохта мебошад. Зеро, бори аввал нест, ки ин сомонаи русии «Avia.pro» чунин хабарҳои бофтаро манзури хонандагон мегардонад. Бинобар ин, маводи мазкур ҳукмномаи «Фейк» мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь