Таҳқиқ | Чӣ гуна намояндагони «Unique Finance» маблағи мардумро ба ҷайби худ мезаданд?!

Ҳанӯз 16 сол пеш пирамида (аҳром)-и молиявие бо номи «Мӯҳра-бизнес», ки аз ҷониби Ҷамшед Сиёев роҳбарӣ мешуд, Тоҷикистонро такон дод. Ҳазорон нафар ба маблағҳои калон мӯҳра хариданд, аммо бо гузашти камтар аз як сол маълум шуд, ки мӯҳра-бизнес пирамидаи молиявӣ аст. Вақте «падари мӯҳра-бизнес» Ҷамшед Сиёев боздошт шуд, шаҳрванди зиёде маблағҳои супоридаи худро баргардонда натавонистанд.

Бо гузашти чанд сол, баҳси пирамидаи молиявии дигаре бо номи «QNET» расонаӣ шуд (бойгонӣ). Садҳо нафар, ки аз ин ширкат фиреб хӯрда буданд, баъд аз кашмакашиҳои зиёде натавонистанд маблағи худро баргардонанд.

Имрӯзҳо, маълум мешавад, ки масъалаи пирамидаи молиявӣ дар Тоҷикистон то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва ҳамоно гурӯҳҳое ҷиҳати ҷалби мардум бо ваъдаи гирифтани даромад аз тиҷорати ҳамгуна фаъолият доранд.

Моҳи феврали соли 2020 дар вилояти Суғд аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки худро намояндаи ширкати хориҷии «Unique Finance» муаррифӣ карда, ба муштариёнашон харидани саҳмияҳои ширкатҳои машҳуре, чун «Ford», «Walt Disney», «Starbuck’s», «Netflix» ва ғайраро ваъда додаанд, дастгир шуданд. Бар асоси иттилое, ки Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд пахш намуд, 14 муштарии ҷабрдида аз рӯи амали онҳо шикоят кардаанд, ки намояндагони ширкат ба онҳо дар маҷмӯъ, ба маблағи 85 000 сомонӣ ва 21 000 доллари ИМА зарари моддӣ расонидаанд.

Зимни гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ кӯшиш намудем, ки қалбакӣ будани ширкат ва бо кадом роҳ мардумро фиреб намуда, маблағҳои калони онҳоро аз худ мекарданд, собит намоем.

Шарҳи расмии мақомоти давлатӣ

Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд расман ба мо иттилоъ доданд, ки 13-уми декабри соли 2019 нисбати намояндагони ширкати «Unigue Finance» Ҳусенов Н.С., Обидов Б.А., Мавлонов Н.А. ва Ҷумаев Ҷ.Х. аз рӯи моддаи 247 (қаллобӣ), қисми 3, банди «а» ва 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ), қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд нисбати гунаҳкорон ҷазои гуногун татбиқ гардид.

Тибқи иттилои расмие, ки аз суди шаҳри Хуҷанд дастрас гардид, вобаста ба фаъолияти ширкати «Unique Finance» дар соли 2020 – 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар асоси парвандаи якум, 18-уми ноябри соли 2020 Мамадов Шамшод Холмаҳмадович, Исмоилов Амирҷон Асрорович, Ҷӯрабоев Рустам Шавкатович бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), қисми 3, банди «а» ва 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ), қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ва Муҳамадиев Бахтиёр Алиҷонович бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), қисми 3 бандҳои «а, в» ва 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ), қисми 2, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, нисбати онҳо ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар ба 58 000 сомонӣ таъин гардид.

Бар асоси иттилои раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р., баъд аз ба пуррагӣ баргардонидани зарари моддии ба ҷабрдидаҳо расонидашуда, нисбати шахсони дар боло зикршуда ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, вобаста ба парвандаи мазкур 7 нафар муроҷиат намудаанд, ки мазмуни асосии муроҷиат рӯёнидани зарари расонидашуда буд.

– Аз ҷониби ҷинояткорони маҳкумшуда бо роҳи фиреб аз 7 нафар ҷабрдида 26 000 сомонӣ ва 5 000 доллар ИМА тасарруф карда шудааст, – омадааст, дар мактуб.

Инчунин, дар асоси парвандаи ҷиноятии дигар, 12-уми майи соли 2020 Ҳусенов Нурулло Сафаралиевич, Обидов Бахтиёр Алиевич ва Мавлонов Неъматҷон Абдуғафурович дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), қисми 3, банди «а» ва 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ), қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, дар маҷмӯъ, ба андозаи 2350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (129 ҳазору 250 сомонӣ) ҷарима таъин гардид.

Нисбати намояндаи дигари ширкат Ҷумаев Ҷасур Ҳафизович бо моддаи 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ), қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз гардида, алайҳи ӯ ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (22000 сомонӣ) таъин карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар парвандаи мазкур низ 7 нафар ба сифати ҷабридида эътироф гардида, зарари умумии ба онҳо расонидашуда 59 000 сомонӣ ва 16 000 доллари ИМА-ро ташкил додааст ва он то баррасии судии парванда пурра барқарор карда шудааст.

– Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи фиреби намояндагони ширкати электронии «Unique Finance» ба 14 нафар ҷабрдидагон ба маблағи 85 000 сомонӣ ва 21 000 доллари ИМА зарари моддии расонидашуда, аз тарафи маҳкумшудагон пурра баргардонида шуд, – зикр мешавад, дар иттилоия.

Инчунин, гуфта мешавад, ки аз тарафи маҳкумшудагон ба давлат 61 718 сомонӣ зарар расонида шудааст, ки он пурра ба манфиати давлат барқарор гардидааст.

«Unique Finance» чӣ гуна ширкат аст?

Мо талош намудем, ки ба воситаи сарчашмаҳои боз дар бораи ширкати «Unique Finance», раҳбарияту суроғаи он, самти фаъолият ва то куҷо дар ҳақиқат мавҷуд будани ин ширкат маълумот ҷамъоварӣ намоем.

Дар сомонаи Unique Finance омадааст, ки ширкати мазкур ба тиҷорати ғайрианъанавӣ сарукор мегирад ва бозори иқтисодиро роҳбарӣ мекунад. Тиҷорати он сохтори пирамида дошта, онро биржаи ИМА «NASDAQ» сармоягузорӣ менамояд. Санҷиши худи сомонаи Unique Finance собит кард, ки он дар Амрико ба қайд гирифта шудааст (бойгонӣ). Дар бахши маълумотнома оид ба роҳбарони ширкат номҳои Harry Oliver, Hua Chung, Daniela Hartmann, Robert Ericksen омадааст, аммо шубҳаовар он аст, ки акси ягон нафари онҳо дар ин бахш дида намешавад. Гузашта аз ин, дар сомона доир ба суроғаи расмии ширкат маълумоти зарурие вуҷуд надорад.

Ҷустуҷӯи директори генералӣ ва дигар роҳбарияти ширкат, ки дар боло номашон оварда шудааст, нишон дод (бойгонӣ), ки онҳо ба ширкати «Unique Finance» иртибот надоранд.

Бо вуҷуди он ки дар баъзе аз маълумот суроғаи ширкати «Unique Finance» шаҳри Сюрихи Швейтсария ишора шудааст, вале Мақомоти назоратии бозори молиявии Швейтсария бо номи «FINMA» ширкати «Unique Finance»-ро ба бахши «Рӯйхати огоҳӣ» (Warning list) ворид карда, мардумро ҳушдор додааст, ки номи ин ширкат дар феҳристи тиҷоратӣ вуҷуд надорад (бойгонӣ).

Скриншот аз сомонаи FINMA

Инчунин, чанд ниҳод ва пойгоҳҳои маъруф дар самти назорат ва идораи масоили иқтисодӣ, ба мисли Financial Conduct Authority (FCA) (бойгонӣ), International organization of securities commissions (IOSCO) (бойгонӣ) ва«Mihan Blockchain» (MB) (бойгонӣ) ширкати «Unique Finance»-ро тақаллубӣ арзёбӣ намудаанд.

Скриншот аз сомонаи International organization of securities commissions (IOSCO)

«Unique Finance Tajikistan»

Бино ба маълумоти нафароне, ки худро корманди «Unique Finance Tajikistan» муаррифӣ карданд, ин ширкат зертобеи ҶДММ «Нур сафар» аст, ки роҳбараш Нурулло Ҳусенов мебошад.

Мо номи ширкати «Нур сафар»-ро аз Феҳристи ягонаи давлатии Кумитаи андоз санҷидем. Маълум шуд, ки муассис ва роҳбари ширкати мазкур Ҳусенов Сафаралӣ (падари Нурулло Ҳусенов) буда, намуди асосии фаъолияти он тибқи иқтибос аз ФЯД, «Воридот, содирот, истеҳсолот ва фурӯши молҳои ниёзи мардум» мебошад (бойгонӣ). Он ширкати амалкунанда буда, меъёри сармояи оинномавиаш 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷабрдида: Пулҳоям дар «Unique Finance», духтарамро намедонам чӣ хел ба шавҳар диҳам?!

Зимни таҳқиқоти журналистӣ нафароне зиёде пайдо шуданд, ки аз қаллобии ширкати мазкур шикоят менамуданд. Қисми зиёди онҳо ба далоили амниятӣ намехостанд ҳуввияташон ифшо гардад. Дастикам 10 нафаре пайдо шуданд, ки оид ба гузоштани маблағҳои калони худ ба ин ширкат мегуфтанд.

Л. Ш. (ба хотири далоили амниятӣ аз қаҳрамон ном бурда намешавад), модари се фарзанд, омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумлаи ҷабрдидаҳое мебошад, ки тирамоҳи соли 2018 ӯро яке аз наздиконаш ба ҷамъомади «Unique Finance» даъват кард ва бо ваъдаи ба даст овардани даромади ҳангуфт, аъзошавӣ ба ин ширкатро ташвиқ кард. Баъд аз аъзо шудан ба ширкати мазкур, онҳо зану шавҳар маблағе, ки давоми чанд сол бо нияти тӯйи фарзанд ҷамъ оварда буданд, «аксия» харидорӣ намуданд. Вале бо гузашти чанд вақт, онҳо хабардор шудаанд, ки намояндагони ташкилотро мақомоти ҳифзу ҳуқуқ бозпурсӣ карда истодаанд.

– Тахминан, 8-10 сол боз барои тӯйи духтарам, ҳар бор аз маошамон 100 сомонӣ маблағ захира мекардем. Он маблағ ба 10 000 сомонӣ расида буд. Бо шавҳарам ҳисоб кардем ва ба хулоса омадем, ки ин маблағро дар давоми ду сол метавонем ду баробар зиёд карда баргардонем. Баъд аз шунидани корҳои тафтишотӣ нисбат ба ширкат, намедонам чӣ кор кунам, – мегӯяд Л. Ш.

Ҳамчунин, дар нашри 2-уми барномаи «Милитсия хабар медиҳад» (бойгонӣ), ки санаи 2-уми феврали соли 2020 пахш шуд, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ботур Ниёзов ва сокини ноҳияи Истаравшан Бозор Султонов иддао мекунанд, ки ба ҳарфҳои Нурулло Ҳусенов бовар карда, якумӣ ба маблағи 16 ҳазор доллари ИМА ва дуюмӣ ба маблағи 18 ҳазор доллари ИМА аз ширкати «Unique Finance» «саҳмия харида», ба доми фиреб афтодаанд.

«Роҳбар»-и Unique Finance: «Ширкат воқеан қаллобӣ ва дар ҷое қайд нашуда буд»

Нурулло Ҳусенов, ки тибқи гузориши мақомоти қудратӣ яке аз ташкилкунандагони ширкати «Unique Finance» ва роҳбари ҶДММ «Нур Сафар» мебошад, зимни сӯҳбат эътироф намуд, ки «Unique Finance» як ширкати қаллобӣ аст ва умуман, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вай афзуд, ҷабрдидаи манфиатҳои як гурӯҳи шаҳрвандон гардида, ба ин ширкат ворид шуд.

– Ҳамаи дороӣ ва имконияти худро барои фаъолияти қонунии «Unique Finance» дар Тоҷикистон сарф намудам. Вале баъд маълум шуд, ки ба доми фиреби як гурӯҳи манфиатхоҳ афтодаам. Ҳамеша талаб менамудам, ки аз ҷониби ширкат мактуб барои дар Тоҷикистон дар қайд гузоштан диҳанд, вале онҳое, ки маро барои кор даъват намуда буданд, бо баҳонаи зиёд пешниҳод накарданд, – гуфт Ҳусенов.

Номбурда эътироф кард, ки баъзе аз намояндагони ин ширкат маблағи мардумро ба манфиатҳои шахсӣ истифода мекарданд, вале гуфт, он пулҳое, ки мардум медоданд, ба куҷо мерафт ва ба чӣ сарф мешуд, намедонад.

Нурулло Ҳусенов ҳамчунин дар бораи воқеан вуҷуд доштани чунин ширкат дар ҷаҳон изҳорӣ бехабарӣ намуд ва афзуд, ки ӯ бештар корҳои идорӣ (омодакунии ҳуҷҷат барои бақайдгирӣ ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ)-ро анҷом медод, вале дар бораи муассис ва воқеӣ будани чунин ширкат иттилое надорад.

«Байни ширкат ва аҳолӣ шартнома баста мешуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шуда буд: «пулро медиҳам, ягон даъво надорам ва ман бо ихтиёри худам аксияро харидорӣ карда истодаам». Хариди як аксияи ширкат 1000 доллари ИМА буд. Ҳар як курси омӯзишие, ки ман ташкил мекардам, аз ҳисоби худам мегузаронидам ва баъд аз ин мардум рӯҳбаланд шуда, ба ширкат аксия харидорӣ мекард. ҶДММ «Нур Сафар» танҳо курсҳои омӯзишӣ мегузаронид, дар масъалҳои гирифтани маблағ ва ё шартнома бо мардум масъул набуд. Вақте шахс аз 1000 доллари ИМА саҳмия мехарад, дар утоқи шахсиаш дар сомона (бэк-офис) ҳар моҳ 60 доллари ИМА маблағ ҷамъ мешуд. То ба ҳол дар суратҳисоби аҳолӣ дар сомона маблағ ҷамъ мешавад, вале онро дастрас карда намешавад».

Ҳуқуқшинос: Ширкатҳои пирамидаи молӣ мардумро бо пули якдигар фиреб медиҳанд

Коршиносон мегӯянд, ҳар ширкати расмие, ки дар ин ё он соҳа фаъолият мекунад, бояд суроғаи муайян дошта бошад, расман аз қайди давлатӣ дар ҳамон кишваре, ки ба ин ё он намуди фаъолият машғул мешавад, гузарад. Гузашта аз ин, ширкат новобаста аз моликият ва самти фаъолият ӯҳдадор аст, ки фаъолияти худро дар доираи муқаррароти қонунгузории он кишвар ба роҳ монад.

Адвокати Коллегияи адвокатҳои «Ҳақиқат» Фарҳод Қурбоналиев гуфт, ширкатҳое, ки системаи кориашон аз рӯи пирамида аст, қаллобӣ ҳастанд. Яъне, сармояи онҳо аз ҳисоби худи нафароне аст, ки онҳо аъзо мешаванд.

– Масалан, агар шумо аъзо ҳастеду маблағи муайян барои аъзо шудан пардохт кардаед, аз шумо тақозо карда мешавад, ки ё ягон навъи маҳсулоти онҳоро харидорӣ кунед ва ё чанд нафари дигарро аъзо кунед. Агар шумо чанд нафарро аъзо кунед, ба шумо гӯиё як навъи бонус аз ҳисоби нафаре, ки шумо аъзо кардеду онҳо барои узвият маблағ доданд, ҷудо мекунанд. Агар зераъзоҳои шумо бештар шавад, ба шумо як миқдори муайян аз ҳисоби аъзошавии онҳо маблағ ҷудо мекунанд. Ин ҳама фиреб аст. Онҳо мардумро бо пули якдигар фиреб медиҳанд, – афзуд ҳуқуқшиноси тоҷик.

Хулоса

Таҳқиқоти журналистии мо собит намуд, ки аслан ширкате бо номи «Unique Finance» дар бисёре аз кишварҳои хориҷа ҳамчун як ширкати қаллобӣ эълон шудааст. Дар Тоҷикистон бошад, ин ширкат расман аз қайди давлатӣ нагузаштааст ва сарчашмаҳои мо шаҳодат медиҳанд, ки он як ширкати қаллобона асту бас. Ҳарчанд дар қонунгузории алоҳида манъи фаъолияти чунин ширкатҳои пирамидӣ дарҷ нашудааст, вале ҳамаи ин фаъолиятҳо ҳамчун фаъолияти қаллобӣ ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ эътироф гардида, намояндагони онҳо дар асоси ин қонунгузорӣ муҷозот мешаванд.

P.S. Чанд рӯз пеш аз нашри таҳқиқоти мо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонааш хабареро нашр намуд (бойгонӣ), ки аз тарафи кормандони ин ниҳод ҳолати аз ҷониби намояндагони ҶДММ «Тозакор» дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон содир кардани ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуда, нисбати якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ «Аффинаж» (Ltd «Affinage»), ки гуиё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигоҳдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғулбуда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ «Аффинаж» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб карда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.

– Айни ҳол, 2 нафар аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир карда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идома дорад, – омадааст дар хабар.

Зимнан, додситонӣ аз шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ «Аффинаж» («Тозакор») зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гурӯҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, хоҳиш кардааст, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь