Имрӯз, 21-уми июн Ситоди ҷумҳуриявӣ расман аз ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод (бойгонӣ).
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.
Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи навбатӣ вазъи имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои Ситод ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷҷуҳӣ, риоя накардани мӯҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
Дар робита ба ин, аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводи безараргардонӣ талаб карда мешавад.
«Вобаста ба ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла пурзӯр намудани ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 андешидани чораҳои зарурӣ зимни анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд», – омадааст дар баёния.