Дасткорӣ | Акси пурсарусадои хабарнигори CNN бо рӯсарӣ

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду акси пурсарусадои хабарнигори CNN Кларисса Уорд васеъ паҳн мешавад (бойгонӣ), ки дар акси аввал вай комилан бо либоси муқаррарии худ ва дар акси дуюм бо рӯсарӣ қарор дорад. Дар тавсифи аксҳои мазкур гуфта мешавад, ки фарқи байни расмҳо як рӯз аст ва гӯиё ин зан аз сабаби тағйири режим дар Афғонистон чунин иқдом кардааст.

Factcheck.tj аксҳои ин хабарнигори CNN Кларисса Уордро мавриди санҷиш қарор дод ва дақиқ кард, ки ин маълумот то куҷо дуруст аст.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Скриншот аз саҳифаи твиттери Clarissa Ward

Хабарнигори CNN Кларисса Уорд дар саҳифаи расмиаш дар Twitter навишт (бойгонӣ), ки ин маълумот чандон саҳеҳ нест, зеро ӯ дар кӯчаҳои Кобул қаблан низ ҳини таҳияи гузоришҳояш рӯсарӣ дошт.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки воқеан ҳам дар аксҳо хабарнигори CNN Кларисса Уорд мебошад. Акси аввал аз нашри ахбори 13-уми августи CNN буда (бойгонӣ), акси дуюм аз сужаи хабарии 16-уми августи соли ҷорӣ гирифта шудааст (бойгонӣ). Ва худи ҳамон рӯз (16-уми август) хабарнигор ҳар ду аксро дар саҳифаи Твиттераш дубора ҷой дода, навиштааст (бойгонӣ), ки ин маълумоти чандон дуруст нест:

– Акси аввал (болоӣ) дар дохили як хонаи хусусӣ дар Кобул ва акси дуюм (поёнӣ) дар яке аз кӯчаҳои таҳти назорати Толибон* дар пойтахт гирифта шудааст. Ман қаблан низ дар кӯчаҳои Кобул ҳамеша рӯсарӣ мепӯшидам, гарчанде мӯйҳоям пурра пӯшида набуданд. Аз ин рӯ, фарқият вуҷуд дорад, аммо начандон зиёд.

Хулоса

Хабарнигори CNN Кларисса Уорд қаблан ҳам зимни таҳияи гузоришҳои худ натанҳо дар кӯчаҳои Кобул, балки дар дигар кишварҳои исломӣ низ рӯсарӣ ба бар мекард (бойгонӣ). Аммо далели он, ки гӯиё ин зан ҳангоми ба сари қудрат омадани Толибон* (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон маҷбур шудааст, рӯсарӣ ба бар намояд, «Дасткорӣ» мебошад.

* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь