Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси марди зоҳиран афғоннамое паҳн гашта, зери он навишта шудааст (бойгонӣ), ки гӯиё ин мард узви Толибон* асту баъд аз забти Кабул яхмос харида, пирӯзиашонро таҷлил карда истодааст.
Акси мазкурро чанд нафар аз хонандагони Factcheck.tj ирсол намуда, хоҳиш карданд, ки онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Фейк
Акси марде, ки дар даст бо ду яхмос ба «қаҳрамон»-и фазои маҷозӣ табдил ёфт, аслан ҳеч рабте ба Толибон* ва ҳодисаҳои ахири Афғонистон надорад. Чун ин нафар на узви Толибон*, балки як марди афғоне аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Дар натиҷаи ҷустуҷӯ маълум гардид, ки акси мазкурро аккос Стив МакКарри ҳанӯз дар соли 2002 бардоштааст. Стив 28-уми июни соли 2021 дар саҳифаи Твиттераш акси мазкурро гузошта, чунин навиштааст (бойгонӣ): «Марде барои фарзандонаш дар Пули Хумрӣ яхмос мехарад, Афғонистон, 2002».
Ҳатто ин аксро бо Раисҷумҳури феълии ИМА Ҷо Байден низ дидан мумкин аст, ки чӣ гуна моҳирона танзим шуда (бойгонӣ), зери он навиштаанд: «Байден бо Толибон* дар Қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон бо истеъмоли яхмос қадамҳои минбаъдаашонро муҳокима мекунанд».
Ин дар ҳолест, ки Толибон* аз соли 1996 то моҳи октябри соли 2001 бештари ҳудуди Афғонистонро зери тасарруф дошт (бойгонӣ). Аммо охирҳои моҳи октябр ва оғози моҳи ноябри соли 2001 ин ҷараён дар Афғонистон қудратро аз даст дода, шикаст хӯрд. Яъне, аз ин ҷо бармеояд, ки соли 2002 – замони бардошта шудани акс, Толибон* дар Афғонистон қудратро дар даст надоштанд.
Хулоса
Санҷиш муайян кард, ки «Акси толиб* бо ду яхмос» аслан ба ҳаракати Толибон* иртиботе надорад. Акси мазкурро Стив МакКарри, аккоси амрикоӣ ҳанӯз соли 2002 бардоштааст ва дар он марди афғоне тасвир ёфтааст, ки барои кӯдаконаш яхмос мехарад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Фейк» унвон мегирад.
* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.