Чӣ санҷида шуд?
Дар сегменти англисизабони шабакаҳои иҷтимоӣ акси марди гирёне паҳн мешавад (бойгонӣ), ки дар даст духтарчае дораду аз кӯчаи харобазор мегузарад. Корбарони шабака мегӯянд, ки дар ин акс ҳодисаҳои ахири Афғонистон тасвир шуда, «падари хуб духтарашро муҳофизат мекунад. Дар ҳаққи Афғонистон дуо кунед».
Далелсанҷони Factcheck.tj акси мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, сарчашмаи онро дақиқ карданд.
Ҳукмнома: Фейк
Акси марди гирён бо духтарча ба ҳаводиси ахир дар Афғонистон ҳеч иртибот надорад, чун ин расм соли 2017 дар шимоли Ироқ бардошта шудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Зимни санҷиш маълум гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин аксро ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон рабт медиҳанд (бойгонӣ).
Аммо далелсанҷони оҷонсии Франс-Пресс (AFP) ин аксро мавриди санҷиш қарор дода, муайян кардааст (бойгонӣ), ки расми мазкур таҳриф карда шуда, он нусхаи буридашудаи сурати Reuters мебошад. Акси марди гирён бо духтарча ҳанӯз 4-уми марти соли 2017 дар шаҳри Мосули шимоли Ироқ ҳангоми мубориза бо ДИИШ* бардошта шудааст. Муаллифи он Горан Томашевич мебошад (бойгонӣ).
«Мард бо гиряву фарёд духтарашро ба даст гирифта, аз қаламрави таҳти назорати Давлати исломӣ (ДИИШ)* ҳангоми ҷанг дар Мосули Ироқ ба назди сарбозони нерӯҳои вижаи Ироқ медавад, 4 марти соли 2017», – навишта шудааст, дар зери акс.
Хулоса
Акси марди гирён дар даст духтарча, ки тайи чанд рӯзи ахир дар сегменти англисизабони шабакаҳои иҷтимоӣ мечархаду ҳамчун паёмади ҳаводиси ахири Афғонистон нишон дода мешавад, ягон иртибот ба ин кишвар надорад. Чун ин расмро ҳанӯз санаи 4-уми марти соли 2017 аксбардори шинохтаи сербӣ Горан Томашевич дар шаҳри Мосули шимоли Ироқ аз майдони набард бардоштааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Фейк» ном мегирад.
* «ДИИШ» – созмони террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.