Фейк | Фирор аз Афғонистон дар болои муҳаррики ҳавопаймо (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн мешавад (бойгонӣ), ки дар он ҷавоне болои муҳаррики рости ҳавопаймои парвозкунанда хобидааст. Дар шарҳи навори мазкур навишта шудааст, ки гӯиё ин нафар бо ҳамин роҳ тарки Афғонистон карда истодааст. Яъне, баъд аз ҳодисаҳои ахир дар Афғонистон, ки як қисми бузурги мардум рӯ ба фирор оварданд, навори мазкурро ҳамчун ҳолати аз ноилоҷӣ фирор кардани як нафар аз Афғонистон нишон додаанд.

Ин навор, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook бештар аз 250 шарҳ гирифта, онро зиёда аз 1600 нафар қисмат кардаанд, боис ба санҷиши мо шуд. Зеро, ин навор аз чанд ҷиҳат шубҳабарангез аст.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиши мо собит намуд, ки дар асл ин навори танзимшудае аст. Он на дар Афғонистон ва на дар ҷои дигар рух додааст, балки бо истифода аз барномаҳои вижаи танзим – Photoshop, сохта ва паҳн карда шудааст.

Скриншот аз саҳифаи Facebook

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тавассути ҷустори Google маълум гардид, ки дар болои ҳавопаймо танзимгар ва блогнависи ветнамие бо ном Huy Quần Hoa мебошад.

Наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook зери он шарҳҳои зиёде навишта шуд, дар саҳифаи TikTok-и Huy Quần Hoa ҳанӯз 17-уми августи соли 2020 нашр шудааст. Зимни ҷустуҷӯ дар блоги муаллиф натанҳо болои муҳаррики ҳавопаймо саҳнаи хобидан, балки саҳнаҳои хӯрокпазӣ, кор бо компютер, нишастан, нӯшидани чизеро низ пайдо кардан мумкин аст. Вале дар ҳамаи ин саҳнаҳо ҳаракати ҳавопаймо як аст, танҳо макони ҷойгиршавии худи «қаҳрамон»-и навор болои муҳаррики тайёра тағйир меёбаду бас.

Huy Quần Hoa дар яке аз наворҳои худ дар саҳифаи TikTok чӣ гуна наворбардорӣ ва танзим шудани навори мазкурро нишон додааст. Яъне, худи муаллиф танзим ва коркард шудани навори пурсарусадоро тасдиқ мекунад.

Huy Quần Hoa ин наворро дар саҳифаҳои расмии худ – Facebook ва YouTube, низ нашр кардааст.

Инчунин, ӯ дар саҳифаҳои расмиаш дар Facebook ва YouTube тарзи дурусти танзим ва коркарди аксу дигар наворҳоро пешкаш намудааст, ки аз танзимгари ҳирфаӣ буданаш дарак медиҳанд. Ҳатто ӯ блоги вижаи худро дорад, ки дар он тарзи танзими аксу наворро меомӯзонад.

Хулоса

Наворе, ки дар он ҷавоне болои муҳаррики ҳавопаймои парвозкунанда хобидааст, дуруст нест. Ин ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон низ ҳеч иртиботе надорад. Навор аз ҷониби яке аз мутахассисони Photoshop Huy Quần Hoa сохта шудааст, ки онро соли 2020 дар саҳифаҳои иҷтимоии худ нашру паҳн кардааст. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь