Фейк | Эмомалӣ Раҳмон: Барқи тамоми Афғонистонро қатъ хоҳем кард!

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир мавҷи хабарҳои ҷаълӣ ё фейкӣ, бофтаву дурӯғ ва дасткоришуда доир ба мавзӯи Афғонистон зиёд паҳн мешаваду коҳиш намеёбад.

Шоми 4-уми сентябри соли ҷорӣ чанд нафар аз корбарони сегменти тоҷикии Facebook хабареро интишор карданд, ки гӯиё Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дода бошад, ки агар барқи Панҷшер дубора васл нашавад, барқи тамоми Афғонистонро қатъ мекунад.

Иқтибос:

«#Фаврӣ. Муроҷиати Шеронаи пешвои Тоҷикони ҷаҳон ба толибони хунхори бераҳм!

Эмомалӣ Раҳмон раис ҷумҳури Тоҷикистон:

Агар то шаб барқ ва онтени мухобироти Панҷшер дубора васл нашавад, барқи тамоми нуқоти Афғонистонро қатъ хоҳем кард.

Манбаъ : TOLO NEWS طلوع نیوز

فوری

امامعلی رحمان رییس جمهور تاجکستان:

اگر تا شب برق و آنتن مخابراتی پنجشیر دوباره وصل نشد، برق تمام نقاط افغانستان را قطع خواهیم کرد.

 امامعلی».

Ин хабар бо ишора ба TOLO NEWS дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ нашру паҳн шуда, аммо дар он ҳеч пайванде ба хабари аслӣ гузошта нашудааст. Корбарони Facebook зери он ба Раисҷумҳури Тоҷикистон аҳсант хонда, аз ин иқдом ҷонибдорӣ намудаанд.

Ҳукмнома: Фейк

Скриншот аз саҳифаи фейкии طلوع نیوز TOLOnews

Дар бораи қатъ кардани нерӯи барқи тамоми минтақаи Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон на телевизиони «Тулуъ» хабар додааст ва на ҳеч расонаи муътабари дигар.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, саҳифаҳои марбут ба телевизиони «Тулуъ» дар Facebook, Instagram ва Twitter мавриди санҷиш қарор гирифт. Аммо давоми чанд рӯзи ахир саҳифаҳои расмии Tolo Tv طلوع бо чунин мазмун хабаре нашр накардааст.

Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистонро низ ҷустуҷӯ намудем, лекин дар ин бора ягон маълумоти расмие пайдо накардем.

Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки ин хабар бори нахуст дар саҳифаи фейсбукии طلوع نیوز TOLOnews нашр шудааст, ки он ҳеч ирботе ба телевизиони «Тулуъ» надорад. Чун саҳифаи телевизиони «Тулуъ» аз сӯи шабакаи иҷтимоии Facebook ба расмият шинохта шуда, бештар аз 4 миллион обуначӣ дорад, вале саҳифаи ба ном طلوع نیوز TOLOnews зиёда аз 930 ҳазор.

Саҳифаи фейсбукии телевизиони «Тулуъ»: аз тарафи чап – фейкӣ | аз тарафи рост – расмӣ

Хулоса

Дар натиҷаи далелсанҷӣ хулоса ин шуд, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад ва он танҳо бофтаи саҳифаи фейкии طلوع نیوز TOLOnews мебошад. Зеро, дар ягон расонаи расмии Тоҷикистон изҳороти Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи нерӯи барқи Афғонистон нашру паҳн нашудааст. Аз ин рӯ, мо ба ин хабар ҳукмномаи «Фейк»-ро раво донистем.

Исматулло АБДУЛЛОЕВ


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь