Ҳақиқат | Аз ҳавопаймо ба замин афтодани чанд нафар дар фурудгоҳи Кобул (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Давоми чанд рӯзи ахир тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навори даҳшатноке паҳн шуд (бойгонӣ), ки дар он ҳолати аз ҳавопаймо ба замин афтодани чанд нафар дида мешуд. Гуфта мешавад, гӯиё ин ҳодиса дар Афғонистон рух додааст. Ин дар ҳолест, ки бар асари даргириҳои ахир дар Афғонистон ва таҳти назорати Толибон* гузаштани аксарияти ҳудуди ин кишвар, сокинон ба таҳлука афтода, дар пайи ҳар чӣ зуд тарк кардани Афғонистон ҳастанд.

Ин саҳна нигарониҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва чанд нафар аз хонандагони сомонаи Factcheck.tj бо ирсоли навори мазкур, аз мо хоҳиш карданд, ки дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Санҷиши навори мазкур тавассути чанд манбаи боз собит намуд (бойгонӣ), ки ҳодисаи мазкур асоси воқеӣ дошта, он дар Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба номи Ҳомид Карзай рух додааст.

Скриншот аз саҳифаи Sputnik Ӯзбекистон

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо наворҳои дигареро аз ин ҳодиса дар Интернет ҷустуҷӯ намудем ва бар асоси онҳо, як таърихи кӯтоҳи рухдоди ин ҳодисаро тартиб додем:

Санҷиши 1:

Нахуст, 16-уми августи соли равон дар саҳифаи Твиттери нафаре бо номи Musawer khalil andarabi навореро пайдо кардем (бойгонӣ), ки дар он дида мешавад, чӣ гуна анбӯҳи зиёди афғонистониҳо – гурӯҳе пеш-пеш ва гурӯҳи дигар дар баробари ҳавопаймои ҳаракаткардаистода, давида истодаанд. Инчунин, гурӯҳе дар талоши фирор аз Афғонистон ба ҳавопаймо часпида, зоҳиран нияти дар ҳамин ҳол парвоз карданро доранд.

Дар навори дигаре, ки дар саҳифаи ҳамин нафар 17-уми август ба нашр расидааст (бойгонӣ), дида мешавад, ки чанд тан аз афғонҳо ба қисмати берунии ҳавопаймои барои парвоз дар ҳоли ҳаракат қарордошта часпидаанд.

Дар ин навор, ҳавопаймо қариб парвоз карда истодааст, вале новобаста ба ин, дар зери қаноти он чанд нафар одамон қарор гирифтаанд (бойгонӣ).

Санҷиши 2:

Оҷонсии иттилоотии Aśvaka навори 47 сониягиеро нашр намудааст (бойгонӣ), ки дар он саҳнаи аз тайёра афтодани дастикам 2 нафар дида мешавад. Ин навор зоҳиран аз майдони фурудгоҳ сабт шуда, баъд аз афтодани одамон аз ҳавопаймо мардум ба сӯи онҳо ҳаракат доранд.

Инчунин, дар робита ба ҳодисаи мазкур чанд навори дигареро, ки аз зовияҳои гуногун бардошта шудаанд, пайдо кардем. Аз ҷумла – инҷо, инҷо, инҷо ва инҷо.

Санҷиши 3:

Зимни санҷиш тамғаи ҳавопаймое, ки дар навор дида мешавад, муайян кардем. Он ҳавопаймои нақлиётии стратегии ҳарбии С-17 – мутааллиқ ба Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Иёлоти Муттаҳида, буда, барои иваз кардани ҳавопаймои боркаши Lockheed C-141 Starlifter тарҳрезӣ шудааст. Ин ҳавопаймо аввалин парвози худро 15-уми сентябри соли 1991 анҷом додааст.

Муқоисаи аксҳои ҳавопаймои нақлиётии стратегии ҳарбии С-17 | Манбаъ: currenttime.tv ва jetphotos.com

Санҷиши 4:

Ахиран, Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден 11-уми сентябри соли равон дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи 20 сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлоти Пенсилванияи Амрико ширкат намуда, аз тасмимаш ҷиҳати берун кашидани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон дифоъ кард ва ҳодисаи ба ҳавопаймо часпидани чанд нафар аз шаҳрвандони Афғонистонро тасдиқ намуд.

Хулоса

Навори аз ҳавопаймо ба замин афтодани чанд нафар дар фурудгоҳи Кобул воқеият дошта, онро ҳатто Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасдиқ кардаанд (бойгонӣ). Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро гирифт.

* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь