Чӣ санҷишда шуд?
Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон ҳангоми фирор аз он кишвар гӯиё гуфтааст (бойгонӣ), «агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд».
Иқтибос:
«Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон берун шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои «С-130»-ро оварда мегуфтем: «ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад», боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд».
Ин изҳороти Раисҷумҳури Амрико дар робита ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон, ки ахиран дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба баҳс печид, аз cӯи дастаи Factcheck.tj мавриди санҷиш қарор гирифт.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Дар ҳақиқат, Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден 11-уми сентябри соли равон дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи 20 сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлоти Пенсилванияи Амрико дар ин бора ибрози назар кардааст (бойгонӣ).
Чӣ гуна санҷида шуд?
Бино ба навиштаи хабаргузориҳо – The Washington Post (бойгонӣ), Тhe Guardian (бойгонӣ), The Hill (бойгонӣ) ва Daily Mail (бойгонӣ), Ҷо Байден – Раисҷумҳури ИМА, воқеан ҳам дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Шансквили иёлоти Пенсилвания ширкат намуда, аз тасмимаш ҷиҳати берун кашидани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон дифоъ кард ва онро кори дуруст хондааст.
Дар идома ин расонаҳои хабарӣ аз сухани Байден дар робита ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва мисол овардани ӯ аз Тоҷикистон чунин иқтибос овардаанд:
«It’s hard to explain to anybody, how else could you get out. For example, if we were in Tajikistan and pulled up a C-130 and said we’re going to let, you know, anybody who was involved with being sympathetic to us to get on the plane, you’d have people hanging in the wheel well. C’mon» («Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои «С-130»-ро оварда мегуфтем, ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд»).
Дар робита ба ин, 14-уми сентябри соли равон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро даъват намуда, оид ба суханони Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супоридааст (бойгонӣ).
Хулоса
Санҷиши мо маълум намуд, ки изҳороти Ҷо Байден, Раисҷумҳури ИМА воқеият дорад ва бинобар ин, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.