Чӣ санҷида шуд?
7-уми сентябри соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабаре паҳн шуд (бойгонӣ), ки гӯиё ба Раисҷумҳури Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзноманигори покистоние бо суоли «баъд аз тасхири Панҷшер оё Русия давлати Толибонро* ба расмият хоҳад шинохт?» муроҷиат кардааст. Дар ҷавоб Путин бо табассум гуфта бошад:
«Мо қаблан ба Толибон* гӯшзад карда будем, ки бо думи шер бозӣ накунанд (ишора ба шерони Панҷшер). Вале толибон ин роҳнамоии моро мазоқ пиндошта, ба Панҷшер ҳамла намуданд. Ҳоло дигар ба расмият шинохтани давлати Толибон* авлавияти кории ҳеч кишваре нахоҳад буд. Чунки Панҷшериён низ метавонанд ба зудӣ аз сангарҳои оҳанини худ поин омада, Кобулро тасарруф кунанд».
Ин изҳороти Раисҷумҳури Русия Владимир Путин то куҷо асос дорад, Factcheck.tj мавриди санҷиш қарор дод.
Ҳукмнома: Фейк
Ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки изҳороти Раисҷумҳури Русия Владимир Путин асоси воқеӣ надорад. Зеро, ба ҷуз яке аз саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии Facebook, дигар ягон расонаи хабарӣ дар ин бора иттилое надодааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст, суоле ба миён меояд, ки чаро чунин як изҳороти Раисҷумҳури Русия аз мадди назари расонаҳои хабарӣ дур мондааст. Зеро, ҳангоми ҷустуҷӯ дар ин бора ягон иттилои дақиқ ва рӯшане пайдо нашуд.
Дигар ин ки ҳеч як манбаи расмӣ доир ба масъалаи мазкур чизе нанавиштааст. Ҳатто сомонаи расмии Раисҷумҳури Федератсияи Русия низ доир ба ин масъала чизе нашр накардааст.
Саввум, ҳангоми ҷустуҷӯи шабакаи иҷтимоии Facebook маълум шуд, ки бори аввал дар ин бора саҳифаи фейсбукии Word Style ба забони форсӣ хабар додааст (бойгонӣ) ва дигар саҳифаву гурӯҳҳои фейсбукӣ онро бознашр кардаанд (бойгонӣ). Аммо дар ин мавод пайванде оварда нашудааст, яъне сарчашмаи асосии хабар маълум нест.
Хулоса
Далелсанҷӣ нишон дод, ки на сомонаҳои расмии Русия, на дигар хабаргузориҳои русӣ ва хориҷа доир ба ин изҳороти Владимир Путин ягон иттилоъ нашру паҳн накардаанд. Яъне, аз ин бар меояд, ки ин як хабари бофтае асту бас. Аз ин рӯ, ба маводи мазкур ҳукмномаи «Фейк»-ро зарур донистем.
* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.