Фактчекnews | Дар Хуҷанд Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд (акс)

Намояндагони порлумони кишвар, Вазорати адлия, воситаҳои ахбори оммаи вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносон сари мизи гирд ҷамъ омада, Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

23-уми сентябр дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд Лоиҳаи Кодекси иттилоотии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он аз ҷумла, намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ширкат доштанд.

Дар ҷараёни нишаст иштирокдорон бо матни пурраи Лоиҳаи мазкур шинос шуда, байни ҳам мубодилаи афкор намуданд. Фикру андеша ва пешниҳоди ҳар як иштирокчӣ роҷеъ ба қисматҳои алоҳидаи Лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ шунида шуд.

Гуфта мешавад, Лоиҳаи Кодекси мазкур аз 15 боб ва 247 модда иборат буда, дар давоми 3 сол он таҳия шудааст. Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар карда, тамоми муносибатҳои ҳуқуқии иттилоотиро муайян ва ба танзим медарорад. Шумо низ метавонед бо матни пурраи Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи порлумони кишвар ҷой дода шудааст, шинос шавед ва пешниҳодҳои худро ирсол намоед (бойгонӣ).


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь