Фактчекnews | Factcheck.tj 3-сола шуд!

Factcheck.tj – нахустин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон 3-сола шуд.

Лоиҳаи мазкур ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, ҳадафи асосиаш на ҷустуҷӯйи дурӯғ, балки муайян кардани ҳақиқати далелҳо ва муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод, афроди шинохта ва васоити ахбори омма нашру паҳн шудааст.

Ин тарҳ ба хотири мусоидат намудан баҳри муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути роҳандозӣ ва рушди институти далелсанҷӣ равона гашта, то имрӯз далелсанҷон ҳудуди 300 маводи гуногунро бо забонҳои тоҷикию русӣ мавриди санҷиш қарор додаанд.

Сомонаи далелсанҷӣ сол аз сол фаъолияти худро васеъ намуда, дар он бахшҳои гуногуне, чун коронавирус, роҳнамои далелсанҷӣ (наворҳои дарсӣ доир ба абзорҳои далелсанҷӣ), тестҳо ба хотири рушди тафаккури интиқодӣ ва ба ин монандро роҳандозӣ намудааст.

Фаъолияти далелсанҷии тими Factcheck.tj бар асоси Кодекси далелсанҷон, ки соли 2016 аз ҷониби Шабакаи байналмилалии далелсанҷӣ (IFCN) қабул гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Бетарафӣ ва адолат, шаффофияти сарчашмаҳо ва методологияи санҷиш, тафтиш ва арзёбии саҳеҳ аз принсипҳои асосии тими мазкур аст.

Бо мо бошед ва ҳамеша хабарҳои санҷидашударо мутолиа намоед!

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, FACTCHECK.TJ!


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь