Фейк | Бурди 3 000 доллар бахшида ба 30-солагии ширкати Роснефт (паём)

Чӣ санҷида шуд?

Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмаке паҳн мешавад (бойгонӣ), ки дар он гӯиё ширкати Роснефт бахшида ба 30-солагиаш бурди калонеро ба роҳ мондааст. Гуфта мешавад, бо воситаи пур кардани саволнома 3 000 доллар ба даст хоҳед овард.

Бо хоҳишу дархости чанде аз хонандагони Factcheck.tj дурустии ин иқдомро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Маълумот дар бораи он, ки гӯиё бо пур кардани саволнома имкони бурди 3 000 доллар мавҷуд аст, ягон асоси воқеӣ надорад. Чун дар сомонаи расмии Роснефт дар ин бора чизе нашр нашудааст.

Скриншоти паёмак

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки баъд аз пур кардани саволнома ба корбар се имконият барои бурд кардани маблағ дода мешавад. Вале пеш аз ба даст овардани он, маълумоти шахсии корбар талаб мегардад ва сипас дар вақти нишон додани рақами телефон хоҳиш карда мешавад, то паёмакро ба 5 нафар дӯстони худ ирсол намоед. Аммо ин як фиреби назаре асту бо мақсади ба даст овардани маълумоти шахсии корбарон паҳн карда шудааст. Зеро, ин иқдоми гӯиё бурднок аслан ба ширкати Роснефт ягон иртибот надорад.

Зимни аз назар гузарондани сомонаи расмии Роснефт маълум шуд, ки дар сомонаи ширкат дар ин бора чизе нашр нашудааст. Вале ширкат дар саҳифаи расмиаш огоҳиномаеро таҳти сарлавҳаи «Предупреждение о возможности мошенничества с использованием имени и репутации «Роснефти»» чоп кардааст. Дар он гуфта мешавад, қаллобон бо истифодаи ном, маълумот ва рақамҳои телефони ширкати Роснефт ҳар гуна маълумоти бардурӯғро паҳн менамоянд, ки набояд ба он бовар кард.

Хулоса

Санҷиш маълум кард, ки паёмаки мазкур дар бораи иқдоми бурдноки ширкати Роснефт воқеият надорад. Тавре мегӯянд, «панири ройгон танҳо дар доми муш аст». Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Фейк» унвон мегирад.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь