Ҳақиқат | Русия ваъда додааст, ки Толибонро* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ мекунад

0
298
Ҳақиқат | Русия ваъда додааст, ки Толибонро* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ мекунад
Associated Press

Чӣ санҷида шуд?

Хабар дар бораи он ки Русия ваъда додааст, ба Толибон* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истинод ба хабаргузории РБК паҳн шуд (бойгонӣ).

Factcheck.tj ин маълумотро мавриди санҷиш қарор дод ва дурустии онро дақиқ кард.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Зимни санҷиш маълум шуд, ки дар ҳақиқат намояндаи вижаи Раисҷумҳури Русия ба Кобул сафар карда, аз ҳаракати террористии Толибон* дар мубориза бо терроризм пуштибонӣ кардааст.

Скриншот аз саҳифаи хабаргузории РБК

Чӣ гуна санҷида шуд?

Воқеан, тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, санаҳои 21-22-уми сентябр бо даъвати Толибон* фиристодаи вижаи Раисҷумҳури Русия Замир Кобулов ба Кобул сафар кардааст (бойгонӣ). Ӯро иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Муҳаммад Ҳасан, вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттакӣ, вазири молия Ҳидоятулло Бадрӣ ва дигар шахсони расмӣ қабул кардаанд.

Дар мулоқот инчунин намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Юэ Сяоюн ва намояндаи махсуси сарвазири Покистон М. Сиддиқ иштирок доштанд.

«Дар бораи идомаи равобити созанда ба нафъи сулҳу шукуфоӣ дар Афғонистон, субот ва рушди минтақа тавофуқи муштарак ҳосил шуд… Ҳамзамон, дар муборизаи Толибон* бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ карда шуд», – гуфта мешавад, дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати Толибон* дар Русия то ҳол ҳамчун як созмони террористии мамнӯъ эътироф шудааст.

Хулоса

Воқеан ҳам намояндаи вижаи Раиcҷумҳури Русия аз ҷараёни террористии Толибон* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ кардааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.

* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.


Ба Telegram-канали мо обуна шавед ва танҳо маълумоти боэътимодро ба даст оред! Моро дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бихонед!


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Нахустин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон, ки соли 2018 таъсис ёфтааст.
Лоиҳаи мазкур ба хотири мусоидат намудан баҳри муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути роҳандозӣ ва рушди институти далелсанҷӣ равона гаштааст.

Шарҳи худро гузоред