Чӣ санҷида шуд?
26-уми сентябр бархе аз расонаҳои Русия ва як рӯз баъд чанде аз расонаҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд, ки Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, муовини раиси ҳукумати Толибон* ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад. Ин иттилоъро нахуст хабаргузории РИА Новости нашр карда (бойгонӣ), манбаи онро шабакаи телевизиони Ал-Ҷазира гуфт. Сипас, дар такя ба РИА Новости, ҳадди ақал 14 расонаи дигари Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон хабари ҳушдори Мулло Абдул Ғанӣ Бародарро нашр карданд. Аз ҷумла, расонаҳои маъруфе, чун Газета.ру, Коммерсантъ, Лента.ру, Вести.ру, Кактус-медиа, Азия-Плюс ва ғайраҳо.
Factcheck.tj изҳороти Мулло Абдул Ғанӣ Бародарро мавриди санҷиш қарор дод ва дақиқ кард, ки ин маълумот то куҷо дуруст аст.
Ҳукмнома: Ҳақиқат ва Иштибоҳ дар далелҳо
Санҷиш нишон дод, ки Мулло Абдул Ғанӣ Бародар, муовини аввали раиси ҳукумати Толибон* ба Тоҷикистон ягон ҳушдор надодааст, балки Абдул Салом Ҳанафӣ, муовини дуюми раиси ҳукумати Толибон* ба Тоҷикистон ҳушдор дода, дархост намудааст, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хабари изҳороти Мулло Абдул Ғанӣ Бародарро манбаи нахустин, яъне РИА Новости дар такя ба шабакаи телевизиони Ал-Ҷазира нашр кардааст. Вале ҷустуҷӯи мо дар ин шабака нишон дод, ки Мулло Абдул Ғанӣ Бародар нисбати Тоҷикистон чизе нагуфтааст.
Ҷустуҷӯи баъдии мо дар саҳифаи ютубии шабакаи Ал-Ҷазира нишон дод, ки воқеан ҳам 26-уми сентябри соли равон Абдул Салом Ҳанафӣ, муовини дуюми раиси ҳукумати Толибон* ба шабакаи Ал-Ҷазира мусоҳиба дода, дар бораи Тоҷикистон суҳбат кардааст (Нигаред аз дақиқаҳои 01:56 то 02:20).
Ҳанафӣ дар ин суҳбат аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, «дар акси ҳол, ҳар кор паёмаде дорад».
Хулоса
Роҳбарияти Толибон* воқеан ҳам 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар бораи дахолат накардан ба умури дохилии Афғонистон, ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додааст. Вале хабари расонаҳои Русия дар бораи он ки гӯиё Мулло Абдул Ғанӣ Бародар алайҳи Тоҷикистон ҳарф зада бошад, чандон дуруст нест. Зеро, ин ҳарфҳоро зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизиони Ал-Ҷазира Абдул Салом Ҳанафӣ баён доштааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат ва Иштибоҳ дар далелҳо» ном мегирад.
* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.