Фейк | Бурди молӣ барои насби афзорак (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Тавассути шабакаи иҷтимоии Facebook рекломе паҳн мешавад (бойгонӣ), ки дар он корбаронро ба насби афзорак (приложения) ва иштирок дар як бозии ба истилоҳ «бурднок» даъват менамоянд. Дар ин робита, чанд нафар бобати воқеият доштан ё надоштани ин реклом аз мо пурсон шуданд.

Ҳукмнома: Фейк

Ин реклом, ки корбаронро ба насби афзораки мобилие даъват мекунад, фейк аст. Фейк дар намуди фишинг, ки ҳадафаш фиреби корбарон ва ба даст овардани маълумоти шахсии онҳост.

Скриншот аз саҳифаи мавриди санҷиш қароргирифта дар Facebook

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1:

Нахуст, мо саҳифаи корбареро бо номи Dorothy Adderiy дар Facebook, ки матлаби мазкурро паҳн кардааст, аз назар гузаронидем. Маълум шуд, ки дар ин саҳифа танҳо рекломи «бозиҳои бурднок» паҳн карда мешавад ва чунин бозиҳо на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забонҳои лаҳистонӣ (бойгонӣ), булғорӣ (бойгонӣ), русӣ (бойгонӣ), туркӣ (бойгонӣ) ва чанд забони дигар низ паҳн карда мешаванд. Аммо зоҳиран аккаунти мазкур фейкӣ аст, зеро акси асосие, ки дар ин саҳифа гузошта шудааст, аслан ба он рабте надорад (бойгонӣ). Инчунин, мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар як вақт бо чанд забон реклом таҳияву паҳн мекунад ва он ҳама рекломҳои ҳамсон ҳастанд. Гузашта аз ин, дар зери матлабҳое, ки нашр мекунад, касе на тугмаи писандро мегузорад ва на шарҳе менависад.

Санҷиши 2:

Дар ин росто, мо худи одамонеро, ки дар навор эҳсосоти онҳо ҳамчун «шахсони ғолиб» нишон дода шудааст, мавриди санҷиш қарор додем.

Масалан, ҷавонеро, ки аксаш дар зери навор истифода шудааст, ҷустуҷӯ кардем. Маълум шуд, ки ин ҷавон блогнавис аст ва дар YouTube таҳти унвони See King саҳифаи худро дорад. Ӯ дар наворҳои таҳиянамудааш сурудҳои ҳоифзонро гӯш карда, бархӯрд ё эҳсосоти худро нисбати он нишон медиҳад. Аксе, ки дар зери навори мавриди санҷиши мо истифода шудааст, аз ин навори See King гирифта, истифода гаштааст.

Санҷиши 3:

Тавре мебинед, дар болои рекломи мазкур акси логотипи Ориёнбонк низ гузошта шудааст. Ба хотири муайян кардани он ки то куҷо рекломи мазкур ва бозии ба истилоҳ «бурднок» ба ин ширкати бонкӣ алоқамандӣ дорад, тавассути саҳифаи расмии Ориёнбонк дар Facebook муроҷиат намудем. Ҷавобан ба суоли мо аз ин ширкати бонкӣ навиштанд, ки матлаби мазкур ягон алоқмандӣ ба Ориёнбонк надорад.

Хулоса

Ин навори сохтае аст, ки барои фиреби корбарон таҳия шудааст. Нафароне, ки дар навор ҳамчун «қаҳрамонҳои бозӣ» нишон дода шудаанд, сохта ҳастанд ва аз дигар наворҳо гирифта, таҳриф ва тағйир дода шудаанд. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь