Дарси 6 | Хатари пайвандҳои ношинос (баргаҳо)

0
888
Link
Pixabay

Ҳамарӯза тавассути почта ё суроғаҳои электронию шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо мо аз чандин нафари шиносу ношинос паёмакҳо қабул мекунем. Гоҳо мешавад, ки пайванд (ссылка)-ҳои гуногунро равон карда, хоҳиш мекунад, то ба он нохун занем ва ё ба «иқдоме» ширкат варзем. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи пайвандҳо барои амнияти рақамӣ ва ҳифзи додаҳои мо бехатар ҳастанд.

Тибқи таҳлилҳо, ахиран таҳоҷуми қаллобон тавассути пайвандҳои фишингӣ афзоиш ёфта, хатари осебпазирии корбарон зиёд гаштааст. Ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳои фишингӣ, хатари дуздидани маълумоти шахсии корбар, аз ҷумла рамзу гузарвожаҳои саҳифаи иҷтимоӣ, ҳамёну почтаҳои электронии корбар, вуҷуд дорад. Яъне, бо доштани ин маълумот қаллобон метавонанд, дороиҳои рақамии корбарро ғайриқонунӣ истифода карда, ба ӯ зарар расонад.

Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки ба пайвандҳои шубҳанок набояд ворид шуд!

Баргаҳои омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here