Дарси 7 | Шаш роҳи ҳимоя аз фишинг (баргаҳо)

Эҳтимол, дар Интернет шумо бо мафҳуми «фишинг» дучор шудаед. Фишинг чист ва чӣ гуна шумо худро аз ин намуди таҳдиди онлайнӣ муҳофизат карда метавонед? Мо ба шумо дар ин масъала кӯмак хоҳем кард.

Фишинг – як намуди хеле маъмули қаллобӣ дар Интернет аст. Ҳадафи асосии он ба даст овардани маълумоти шахсӣ, рамзу гузарвожа, рақамҳои корти бонкӣ ё дигар маълумоти муҳими корбарон дониста мешавад. Рахнагарон ё қаллобон гоҳо барои ҷалби корбарон мағозаҳои интернетии қалбакӣ, бонкҳои сохта ва ҳар гуна бозиҳои бурдноку иқдомҳои қалбакӣ эҷод мекунанд. Ба таври визуалӣ, чизҳои сохтаи қаллобон аз шакли аслӣ чандон фарқ намекунад. Аз ин рӯ, як корбар аз беэҳтиётӣ маълумоти муҳими шахсии худро бо розигии худ ворид мекунад ва қаллобон зуд ба он соҳиб мешаванд.

Ҳамин тариқ, қаллобон метавонанд, бо истифода аз фишинг саҳифа ё почтаи электронӣ ва ё ҳамёнҳои электронии корбарро рахна кунанд ва ба маълумоти арзишманд, ба вижа суратҳисоби бонкии корбар дастрасӣ пайдо намоянд!

Баргаҳои омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.


1 КОММЕНТАРИЙ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь