Вақтҳои ахир вожаи «кибербуллинг» дар фазои рақамӣ хеле маъмул мешавад.
Кибербуллинг ё ба истилоҳи тоҷикӣ «сайберозорӣ» – ин таҳқиру озор ва таҳдид дар Интернет аст, ки аз ҷониби гурӯҳи одамон нисбати як шахс ё ширкат равона карда шудааст. Мисол, шарҳу нашрҳои оҳанги зӯроваридошта, эҷоди гурӯҳу каналҳо ва наворҳое, ки шахсро таҳқир мекунанд, интишори маълумоти шахсӣ ва ғайраҳо. Агар боз ҳам сода карда гӯем, «буллинг» дар маҷмӯъ як навъи хушунати ҷисмонӣ ё равонӣ нисбат ба дигарон буда, «кибербуллинг» ҳамон хушунат аст, вале танҳо дар фазои рақамӣ.
Тибқи таҳлилҳо ҳар чӣ қадаре, ки шабакаҳои иҷтимоӣ рушд кунанд, ҳамон қадар шаклҳои гунонуни таҳқири онлайнӣ зиёд мешаванд.
Волидайнро зарур аст, ки дар бораи сайберозорӣ бо фарзандони худ ҳамсуҳбат шуда, онҳоро огаҳ созанд ва роҳҳои ҳифозат бо онро фаҳмонанд!
Манбаъ: Kiberbulling.net
Баргаҳои омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.