Ҳаёти имрӯзаи моро бидуни смартфонҳо тасаввур кардан анқариб ғайриимкон шудаасст. Мо торафт ба телефонҳои мобилӣ одат карда, бештари вақти худро бо онҳо мегузаронем. Зангу суҳбатҳои телефонӣ, ирсолу қабули паёмакҳо, мубодилаи аксу садо, тамошои наворҳо, хондани ахбор ва мутолиаи маводи гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ аз як ҷиҳат то ҷое ба меъёри зиндагии ҳамарӯзаи мо табдил ёфтааст ва аз ҷиҳати дигар, мо «вобаста»-и ҳамаи он шудаем. Вале тадқиқот нишон медиҳад, ки дар баробари бартариятҳо, истифодаи аз меъёр зиёди дилхоҳ дастгоҳи рақамӣ, махсусан смартфону телефон сарчашмаи асосии стресс ва баъзе бемориҳои дигар аст.
Аз ин рӯ, зарурати риояи беҳдошт ё гигиенаи истифодаи телефонҳои мобилӣ ба миён омадааст.
Дӯстони азиз, муоширати зинда бо аҳли оилаву пайвандон, сайру гашт дар ҳавои тоза, китоб хондан, машғул шудан бо шуғли дӯстдоштаи худ ба шумо кӯмак мекунад, то бо стресс мубориза баред ва аз бемории «вобастагӣ» ба телефон раҳоӣ ёбед!
Манбаъ: Rost.Media
Баргаҳои омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.