Вожаи «популизм» ин ваъдаҳои эҳсосотӣ барои ҳалли мушкилоти мураккаб бо роҳи сода мебошад. Пеш аз ҳама, популистҳо ҳамеша чунин вонамуд мекунанд, ки гӯиё бо ҳамроҳии омма бар муқобили як душмани муайяне мубориза мебаранд. Дар ин роҳ, маъмулан як гурӯҳи «элита»-ро, ки шояд рақиби онҳост, фасодзада ва бад мешуморанд, ки ҳатто «мардум»-и хирадманду солеҳ аз он азоб мекашанд.
Дар замони ҷанг, таваҷҷуҳ ба душмани беруна мегузарад, аммо популист ҳамеша муҳофизи «мардуми одӣ» боқӣ мемонад. Барои мисол, суханронии ахири Раисҷумҳури Қирғизистон зимни нишасти матбуотии 23-уми октябри соли 2021, ки дар масъалаи марзӣ чанд нуктаро зикр намуда, гӯиё Тоҷикистонро дар ҳал нашудани масоили марзӣ «муттаҳам» ва худро ҳомии халқи қирғиз нишон доданӣ шуд.
Аммо як нуктаи дигари муҳим ин аст, ки популист ҳамеша аз байни мардуми одӣ баромад намуда, худро тавре вонамуд мекунад, ки алайҳи қувваҳои дигари сиёсӣ ба «манфиати халқ» мубориза мебарад.
Бархе донишмандон бар он назаранд, ки дар муборизаҳои сиёсии муосир аксар вақт аз усулҳои популистӣ истифода мешавад ва фарқ кардани онҳо бисёр ҳам мураккаб мебошад.
Манбаъ: Meduza
Баргаҳои омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.