Фейк | Samsung ба Apple дар 30 мошини боркаш танга фиристод

Чӣ санҷида шуд?

Тавассути месенҷерҳо хабаре паҳн мешавад, ки гӯиё соли 2021 додгоҳ ширкати «Samsung»-ро барои вайрон кардани талаботи патент барои пардохти маблағ дар ҳаҷми 1 млрд. доллари ИМА муваззаф кардааст. Тавре дар акс дида мешавад, аз нақлиёти боркашон тангаҳои зиёде дар назди иттиҳоми одамон холӣ карда мешавад. Гуфта шудааст, ки гӯиё куриёиҳо баъд аз ин қарори додгоҳ дар 30 мошини боркашон 20 млрд. дона танга фиристодаанд.

Ҳукмнома: Фейк

Мошини боркаше, ки аз он танга холи мешаваду инро пардохти ҷарима аз ҷониби Samsung ба Apple гуфтаанд, ҳеч иртиботе ба ин ду ширкат надорад. Ин акс 4-уми октябри соли 2013 дар Швейтсария бардошта шудааст.

Скриншоти суратпаёмак аз саҳифаи Telegram

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хулоса

Санҷиш маълум намуд, ки овоза дар бораи аз ҷониби ширкати Samsung пардохтшавии ҷарима ба ширкати Apple дар шакли тангаҳои панҷсентӣ бо мошини боркашон бофта аст. Ҳодисае, ки аслан дар Швейтсария рух додаасту ба ин ду ширкат ҳеч рабте надорад, гирифта, фактҳо тағйиру таҳриф дода, паҳн карда шудааст. Шояд ин шӯхие бошад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь