Далелсанҷӣ | Оё дуруст аст, ки «Мистер Бин» вафот кардааст?

Чӣ санҷида шуд?

«Оё дуруст аст, ки «Мистер Бин» вафот кардааст?» – бо чунин суол чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба Factcheck.tj муроҷиат карданд, ки дурустии хабари мазкурро дақиқ намоем.

Роуэн Эткинсон, ҳунарманди касбии бритониёӣ, ки бо нақши Мистер Бин бештар маъруф аст, гӯиё 22-уми ноябри соли 2021 аз олам даргузаштааст.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиши мо нишон дод, ки ҳунарманди маъруфи бритониёӣ Роуэн Эткинсон (Rowan Atkinson), маъруф бо номи «Мистер Бин» зинда буда, он хабару паёмакҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паҳн мешаванд, ягон асоси воқеӣ надоранд.

Скриншоти суратпаёмак аз WhatsApp

Чӣ тавр санҷида шуд?

Хабари марги Роуэн Эткинсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал набуда, қаблан низ борҳо паҳн шудааст (бойгонӣ). Тавре Boomlive.in хабар медиҳад, овозаҳо дар бораи марги ин ҳунарманд аз соли 2012 инҷониб давра ба давра пайдо мешуд ва расонаҳо онро рад мекарданд (бойгонӣ).

Бори охир, 29-уми майи соли 2021 дар шабакаи иҷтимоии Facebook аз марги ӯ хабар дода буданд. Паёмҳои шабеҳ дар Facebook бо расми Роуэн Эткинсон – Мистер Бин, дар ин ҷо, ин ҷо, ин ҷо ва ин ҷо гузошта шудаанд.

Хулоса

Хабари марги Роуэн Эткинсон, маъруф бо номи «Мистер Бин» овозае беш нест ва паёмакҳо дар бораи вафоти ӯ «Фейк» аст.

Умедшоҳи ҶУМЪАХОН


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь