Ҳақиқат | Кормандони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон бояд дар ҷои кор тоқӣ бипӯшанд

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи Бомдод 8-уми декабри соли равон хабаре дар мавриди он ки гӯиё дар Ӯзбекистон барои кормандони соҳаи фарҳанг дар ҷои кор пӯшидани тоқӣ ҳатмӣ шудааст, нашр намуд (бойгонӣ). Дар хабари мазкур, ки таҳти сарлавҳаи «Кормандони вазорати фарҳанги Ӯзбекистон бояд дар ҷои кор тоқӣ бипӯшанд» ба наҳр расидааст, гуфта мешавад, гӯиё вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков дар як паёмаш ба муносибати Рӯзи Қонуни асосӣ эълон кардааст, ки кормандони Вазорати фарҳанг аз ин ба баъд дар ҷои кор бояд дар сар тоқӣ бипӯшанд.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хулоса

Санҷиши мо собит намуд, ки воқеан ҳам вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков гуфтааст, ки ташаббус пеш гирифтан, то минбаъд кормандони Вазорати фарҳанги ин кишвар дар вақти корӣ дар сар тоқӣ бипӯшанд. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь