Фейк | Бурди молӣ бар ивази насби афзорак (навор)

Чӣ санҷида шуд?

Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook наворе паҳн шуда истодааст, ки дар он бонувоне, ки зоҳиран аз телевизиони Тоҷикистон баромад карда истодаанд, нишон дода мешавад. Зери навори онҳо садои зане, ки ба садои Татьяна Шитова, ки дар смартфонҳо ҳамчун ассистенти овозии «Алиса» маъмул аст, гузошта шуда, дар он бар ивзаи насби афзораке бобати бурди молӣ сухан меравад. Ҳарчанд садо бо навор мувофиқат надораду матнҳо хато хонда шудааст ва сохта будани он маълум аст, вале як гурӯҳе аз корбарон ба ин навор бовар ҳам карда, онро бознашр ва паҳн ҳам карда истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ахиран чунин наворҳо зиёд шудаанд. Азбаски имкони гирифтани пайванди ин наворҳо мавҷуд набуд, мо бо усули сабти равзана (экран) ва намогирифт аз рӯи навор чанде аз ин матолибро сабт кардем ва дар зер аксу наворашро мегузорем. Мо дар маводи мазкур чӣ ин наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, кӯшиш мекунем, аз куҷо пайдо шудани онро нишон диҳем.

Ҳукмнома: Фейк

Ин наворҳо, ки дар он аз бораи бурдҳои молӣ сухан меравад, сохта ва бардурӯғ ҳастанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо дар зер ба таври алоҳидагӣ сарчашмаи аслии чанде аз ин наворҳоро нишон медиҳем.

Наворе, ки дар Facebook паҳн шудааст, он ҳам аз барномаи Ахбори Телевизионӣ Тоҷикистон, ки санаи 3-уми сентябри соли 2021 таҳия шудааст, гирифта шудааст ва садои ровӣ тағйир дода шуда, танзим ва паҳн карда шудааст. Дар матлаби мазкур навори мусоҳибаи овозхони зодаи Тоҷикистон Манижаи Сангин, ки ҳоло дар Русия иқомат дорад, гузошта шуда, садои он бурида ва ҷои он садои дигаре гузошта шудааст. ИН ки гӯё дар навор Манижаи Сангин аз даромади калоне бар вивази насби афзорак ҳарф мезанад, сохта ва бардурӯғ аст. Аслан навори мазкур аз мусоҳибаи телевизиони TENGRI TV-и Қазоқистон, ки аввали моҳи сентябри соли 2021 дар канали Youtube-и расона нашр кардааст, гирифта шудааст.

Қаҳрамони навори дигаре, ки дар он марде дар он сухан мераонад, Улуғбек Салимзода аст ва аз барномаи Ахбори Телевизиони Тоҷикистон, ки санаи 7-уми ноябр пахш шудааст, гирифта шудааст. Дар ин барнома, ровӣ паёми табрикотии Президенти Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик бо забони русӣ расонидааст. Наворе, ки дарInstagram паҳн карда шудааст, аз барномаи Ахбори рӯзи 17-уми ноябрии Телевизиони Тоҷикистон гирифта шудааст. Навори ровии барнома Марҷона Шарипова, ки асосан дар бораи тағйирот кадрӣ дар кишвар хабар додааст, турида гирифта шуда, садояш паст ва ба ҷои он садои дигаре гузошта шудааст.

Хулоса

Санҷиш нишон дод, ки маводи мазкур сохта буда, бо мақсади фиреби корбарон таҳия шудааст. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Фейк» унвон мегирад.


2 КОММЕНТАРИИ

  1. Мисле, ки дар ин ҷо оварда шудаасту онро мавриди санҷиш қарор додаем, метавонед дарёбед. Аммо дар аксар маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенеҷерҳо чарх мезананд.

Leave a Reply to Jamshed Ma'ruf Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь