Чӣ санҷида шуд?
Чанд нафар бо ирсоли маълумоте дар бораи оби нӯшокӣ, аз мо хоҳиш намуданд, ки дурустии онро муайян намоем.
Иқтибос:
«Истеъмоли 2 стакан об ҳангоми бедор шудан – ба фаъол шудани узвҳои дарун мусоидат мекунад;
1 стакан об 30 дақиқа пеш аз хӯрок – ба ҳазм мусоидат мекунад;
1 стакан об пеш аз гирифтани ванна – барои паст кардани фишори хун мусоидат мекунад;
1 стакан об пеш аз хоб – инсулт ё сактаи дилро пешгирӣ мекунад».
Ҳукмнома: Дурӯғ
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хулоса
Аз натиҷаи ҷустуҷӯ ва санҷиши ин маълумот ба хулосае расидем, ки дар сомонаҳое, ки ин маълумот нашр шудааст, ягон сарчашма ё далели илмӣ оварда нашудааст. Яъне, маълум нест, ки ин хулосаҳо бо такя ба маълумоти кадом сарчашма бароварда шудааст. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.