Чӣ санҷида шуд?
Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте паҳн мешавад (бойгонӣ), ки гӯиё ширкати «Барқи Тоҷик» барои пур кардани пурсишномае ба ғолибон 2000 сомонӣ тӯҳфа хоҳад дод.
Бо хоҳишу дархости чанде аз хонандагони Factcheck.tj дурустии ин иқдомро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Фейк
Маълумоте, ки гӯиё ширкати «Барқи Тоҷик» ба нафарони ғолиб дар ҳаҷми 2 000 сомонӣ тӯҳфа медиҳад, ягон асоси воқеӣ надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Барои пайдо кардани маълумоти расмӣ ба сомонаи ширкати «Барқи тоҷик» ворид шудем. Сомонаи ширкатро аз моҳи сентябр инҷониб мавриди санҷиш қарор додем, аммо дар ин бора ягон маълумоти кофӣ пайдо накардем.
Хулоса
Санҷиши мо нишон дод, ки маълумоти мазкур бофтае беш нест ва он «Фейк» аст. Зеро, давоми чаҳор моҳи ахир – аз сентябр то декбари соли равон, ин гуна иқдомҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тариқи месенҷерҳо зиёд нашру паҳн мешаванд, ки далелсанҷони Factcheck.tj фейк будани онро борҳо собит кардаанд. Маълумоти бештар дар ин ҷо, ин ҷо, ин ҷо, ин ҷо, ин ҷо ва ин ҷо мавҷуд аст.