Ҳақиқат | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин донишгоҳҳо ворид шуд

0
894
Ҳақиқат | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин донишгоҳҳо ворид шуд
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон | Sputnik Тоҷикистон

Чӣ санҷида шуд?

18-уми декабри соли равон хабаргузории Sputnik Тоҷикистон матлаберо таҳти унвони «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин донишгоҳҳо ворид шуд» («Таджикский национальный университет вошел в число лучших вузов») нашр намуд (бойгонӣ). Дар хабар омадааст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба феҳристи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шомил шудааст.

Иқтибос:

«Тибқи радабандии ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) ДМТ дар ҷойи 241-ум қарор гирифтааст. Дар маҷмӯъ, рӯйхат 450 донишгоҳи беҳтаринро дар бар мегирад».

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Воқеан ҳам тибқи радабандии ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми 241-умро соҳиб шудааст.

Скриншот аз саҳифаи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ки ин маълумотро дар такя ба сомонаи Quacquarelli Symonds (QS) нашр кардааст, мавриди санҷиш қарор додем. Маълум шуд, ки тибқи радабандии мазкур, аз миёни 450 муассисаи таҳсилоти олии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми 241-умро касб намудааст (бойгонӣ).

Хулоса

Санҷиш нишон дод, ки матлаби хабаргузории Sputnik Тоҷикистон саҳеҳ буда, ҳукмномаи «Ҳақиқат»-ро мегирад.

Ганҷина РУҲУЛОВА


LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here