Чӣ санҷида шуд?
ОИ «Asia-Plus» 22-уми декабри соли равон хабареро зери сарлавҳаи «Дар Тюмен ба муҳоҷирон кор дар автобусу такси манъ шуд» нашр намуд (бойгонӣ), ки гуфта мешавад, бо қарори губернатори вилояти Тюмен Александр Моор, ба ширкатҳои нақлиёти маҳаллӣ қабули шаҳрвандони хориҷии бар асоси патент фаъолиятдошта ба кор манъ шуд.
Иқтибос:
«Ширкатҳои нақлиётӣ вазифадор шудаанд, ки то 1 марти соли 2022 «шумори кормандони хориҷиро мутобиқи қарори мазкур дуруст кунанд».
Ҳукмнома: Ҳақиқат

Воқеан ҳам губернатори вилояти Тюмен Александр Моор қарореро тасвиб кардааст, ки сар аз 1 марти соли 2022 ба муҳоҷирон кор дар автобусу таксиро манъ мекунад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
ОИ «Asia-Plus» ин хабарро дар такя ба қарори губернатори вилояти Тюмени Федератсияи Русия нашр кардааст, тавассути ҷустори Яндекс нусхаи он қарорро пайдо намудем (бойгонӣ). Тавре маълум шуд, қарори губернатори вилояти Тюмен аз 16 декабри соли 2021, таҳти №288 «Дар бораи муқаррар намудани манъи ҷалби шаҳрвандони хориҷие, ки барои соли 2022 дар вилояти Тюмен бар асоси патент ва аз рӯи дигар намудҳои иқтисодӣ фаъолият доранд» тавсиб шудааст.

Хулоса
Санҷиш нишон дод, ки хабари мазкур асос дошта, дар ин бора Пойгоҳи расмии интернетии иттилооти ҳуқуқии Русия хабар додааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» ном мегирад.
Ҳусенбой ИСМАТУЛЛОЕВ