Чӣ санҷида шуд?
Дар Instagram матлабе паҳн шудааст (бойгонӣ), ки гӯиё репсарои маъруфи рус Алишер Тоҳирович Моргенштерн, ки бештар бо номи Моргенрнштерн маъруф аст, пас аз он ки аз Русия рафтааст, дар Русия мехоҳанд, тамоми амволи ӯро бигиранд.
Дар матлаб гуфта мешавад, ки гӯиё бинобар ин Моргентштерн тамоми амволи худро тақсим мекунад ва барои иштирок дар бурди мазкур ба аккаунти beri.esli.chto обуна шудан талаб шудааст.
Ҳумкнома: Фейк
Ин ки гӯиё Моргенштерн дар дар бораи тақсими тамоми амволаш ба корбарон хабар додааст, ҳеч асос надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст бояд зикр намуд, ки матлаби мазкур, дар аккаунте бо унвони prikoly_ha_2020_ нашр шудааст ва дар ин саҳифа аксар муҳтавои ҳаҷвӣ нашр мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷиддияти ин матлаб низ маълум нест.
Мо матлаби мазкурро аз саҳифаи расмии Моргенштерн дар Instagram – @morgen_shtern, ҷустуҷӯ намудем. Репсарои маъруфи рус дар саҳифаи худ дар ин бора чизе нашр накардааст. Мавсуф дар саҳифаҳои расмии худ дар Telegram, Tik-Tok ва Youtube низ чизе дар мавриди маводи мавриди санҷиши мо нагуфтааст.
Хулоса
Санҷиши мо маълум намуд, ки хабарҳо дар бораи он ки гӯиё репсарои маъруфи рус Моргенрнштерн тамоми амволашро ба корбарон медиҳад, беасос аст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Фейк» аст.