Дасткорӣ | Дар ҷои кор намоз нахонед, вагарна ронда мешавед

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» – Pressa.tj, 5-уми январи соли ҷорӣ хабареро таҳти сарлавҳаи «Дар ҷои кор намоз нахонед, вагарна ронда мешавед» нашр кардааст (бойгонӣ). Ҳарчанд дар назари аввал хонандаи ин сомонаи тоҷик баъд аз мутолиаи сарлавҳаи мавод фикр мекунад, ки ин шояд боз як ҳушдор барои тоҷикистониён бошад, аммо вақте матни маводро пурра мехонад, аслан он ҷо сухан на дар бораи Тоҷикистон, балки дар бораи пойтахти Туркманистон меравад.

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Хабаргузорӣ дар сарлавҳа ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон аз шеваи дасткорӣ истифода кардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Хабаргузории Pressa.tj дар маводи мазкур дар бахши туркмании Радиои Озодӣ ишора кардааст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ 4-уми январи соли 2022 дар бораи он ки гӯиё дар Туркманистон ба кормандони муассисаҳои давлатии пойтахт намоз хондан дар ҷои кор манъ карда шудааст, хабар нашр намудааст (бойгонӣ). Радиои Озодӣ дар маводаш чунин сарлавҳа истифода кардааст: «Дар масҷидҳои Ашхобод панҷ вақт азон мехонанд, аммо намоз хондан ба диндорон манъ аст».

Ҳарчанд дар маводи мазкур расона ба чанд манбаи худ бе зикри ном ишора кардааст, вале ягон санади расмӣ дар бораи маҳдудиятҳо барои намозгузорӣ дар ҷойи кор дар Ашхобод оварда нашудааст. Вале зоҳиран ин як фишори ғайрирасмӣ аст. Чун мо ягон санади расмиеро, ки дар ин самт аз ҷониби ҳукумат ё мақомоти Туркманистон содир шуда бошад, дар ҳеч манбаи кушод пайдо накардем.

Хулоса

Аслан маводи хабаргузории Pressa.tj ба Тоҷикистон рабт надорад ва ин танҳо маводи дасткоришуда асту бас. Чун хонанда баъд аз мутолиаи ин гуна сарлавҳа, дар мадди аввал дар бораи Тоҷикистон фикр мекунад. Аз ин рӯ, маводи мазкур ҳукмномаи «Дасткорӣ» ном мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь