Дурӯғ | Шаҳрванди Қирғизистон гуфт, ки дар ошӯбҳои Қазоқистон тоҷикон ҳам буданд

Чӣ санҷида шуд?

Бахши тоҷикии хабаргузории Sputnik.tj рӯзи 9-уми январ хабареро таҳти сарлавҳаи «Боздошти қирғизе, ки дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат кард: ӯ аз ҳузури тоҷикон гуфт» нашр (бойгонӣ) кард. Дар матлаб гуфта мешавад, ки гӯё яке аз боздоштшудаҳо, ки шаҳрванди Қирғизистон мебошад, бобати ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ошӯбҳои Қазоқистон гуфтааст. Ба ин маъни хабаргузории Sputnik.tj чунин навиштааст: «Шаҳрвандони Тоҷикистон мумкин дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат доштанд. Дар ин бора як боздоштшуда, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, хабар дод».

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки ба иттилои расонаҳо сар аз 2-уми январ дар Қазоқистон эътирози мардумӣ дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Мавҷи эътирозҳо торафт шиддат гирифта ба хушунат печид. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ошӯбшгаронро терорист номида, аз кишварҳои узви созмони СПАД (ОДКБ) кӯмак хост ва барои амалисозии амалияти конттеррористӣ супориш дод.

Мақсади мо аз санҷиши ин мавод муайян кардани он аст, ки то куҷо гуфтаҳои ин нафар, дар мавриди иштироки тоҷикистониён дар эътирозҳо дар Қазоқистон дуруст аст.

Ҳукмнома: Дурӯғ

То ҳол ягон далели эътимодбахш дар мавриди ширкати тоҷикистониён дар ошӯбҳои ахири Қазоқистон мавҷуд нест. Дар мавриди гуфтаҳои шаҳрванди Қирғизистон бояд, зикр намуд, ки ӯ баъди ошкор шудани шахсияташ ва фиристода шуданаш ба Қирғизистгн гуфтаҳои худро бардурӯғ номид.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Навори мазкурро расонаҳои Қазоқистон аз ҷумла телевизиони «Хабар 24» нашр карда ӯро шаҳрванди Қирғизистон муаррифӣ кардаас. Қаҳрамони навор, дар рӯяш осори латукӯб дида мешавад, чунин гуфтааст: «Рӯзи дуюм ман ба Алмато парвоз кардам. Маро ба хонаи иҷорае оварданд, ки он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон низ буданд. Вақте эътироз оғоз шуд, ман тарсидам ва ба хонаи иҷора баргаштам ва рӯзи дигар хостам баргардам, ки маро дар деҳаи Самси боздошт карданд», – мегӯяд ӯ дар навори расонаҳои Қазоқистон. Баъзе расонаҳо аз шахсияти ин нафар Закир Убуров ном бурданд (бойгонӣ). Аммо ин далел вокуниши шадиди қирғизистониёнро ба бор овард.

Аслан нафаре, ки дар ВАО-и Қазоқистон аз ӯ Закир Убуров ном бурда шудааст, кӣ аст?

Дар як наворе, ки хабаргузории Kaktus Media нашр кардааст, ҷавоне худро додари Закир Убуров муаррифӣ карда, гуфтааст, ки дарвоқеъ бародари ӯ дар Қазоқистон аст, вале нафари дар наворбуда, бародари ӯ нест.

Баъди паҳни навори мазкур аз тариқи ВАО-и Қазоқистон он боиси баҳсҳое байни Қирғизистониён гардид. Корбарон навиштаанд (бойгонӣ), ки нафари дар наворбуда на Закир Убуров балкиВикрам Рузахунов-оҳангсози машҳури Қирғизистон дар жанри жаз аст. Наздикони Викрам Розахунов ба мақомоти Қирғизистон ин далелро тасдиқ кардаанд (бойгонӣ) ва гуфтаанд, ки ӯ зуд-зуд ба Қазоқистон барои иштирок дар консертҳо мерафт ва бори охирон ҳам барои ширкат дар чорабинии идонае рафтааст.

Ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки нафари дар наворбуда дарвоқеъ Викрам Рузахунов аст ва номбурда мусиқинавозӣ номии Қирғизистон аст. Мо саҳифаи иҷтимоии Instagram ва Facebook-и ӯро пайда намудем.

Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 9-уми январ дар саҳифаи расмии худ дар Facebook дар робита ба қазияи боздошти Викрам Розахунов изҳорот нашр намуда, гуфтааст, ки барои таҳқиқи ин қазия ба мақомотҳои дахлдори Қирғизистон супориш додааст.

10-уми январ Вазорати адлияи Қирғизистон ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дархост фиристодааст (бойгонӣ), ки дар робита ба истифодаи шиканҷа аз ҷониби нерӯҳои амниятии Қазоқистон алайҳи Викрам Рузахунов (моддаи 137 «Шиканҷа»-и Ш. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон) парванда боз кунанд. Ин мақомот ҳамчунин дархост кардааст, ки ба Қазоқистон супориши байналмилалие ирсол кунад, ки нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки нисбати Рӯзахунов зӯроварӣ кардаанд, тибқи муқаррароти Конвенсияи Кишинёв оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноии соли 2002 тафтиш гузаронад.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон санаи 10-уми январ бо нашри хабарномае дар бораи аз шаб озод шудани Викрам Рузахунов иттилоъ додааст (бойгонӣ). «Маълумот дар бораи аз ҳабс озод шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Рузахунов Викрам тасдиқ карда шуд», – омадааст дар хабарнома.

Шоми 10-уми декбар дар саҳифаи Telegram-ии «СЕЙЧАС KG» навори Викрам Рузахунов нашр шуд (бойгонӣ), ки дар он ӯ баҳри кӯмак барои бозгардониданаш аз мақомотҳои Қирғизистон изҳори сипос намуда, тафсилоти боздошт шуданаш ва дар назди дурбини камера ба мақомоти Қазоқистон баёнот доданашро нақл карда, гуфтааст, ки тамоми баёноташ дурӯғанд ва ба хотири осон кардани фиристода шуданаш ба Қирғизистон гуфтааст. «Аз маҳбусон шунидам: агар дар видео баёнот диҳед, шуморо фавран ба Бишкек мефиристанд ва ман тасмим гирифтам, ки ҳамин тавр бигӯям. Ҳама баёноти дар навор гуфташуда дурӯғанд», – гуфтааст Викрам Рузахунов.

Дар робита ба ин масъала то шоми санаи 10-уми декабр дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон иттиллое нашр нашуд.

Хулоса

Викрам Рузахунов шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон, ки навори баёнотош дар расонаҳо паҳн шуд, баъди озод шудан ва аз Қазоқистон ба Қирғизистон фиристода шуданаш, дар як наворе гуфтааст, ки тамоми гуфтаҳояш дурӯғ буданд ва ба хотири осон шудани истирдодаш ба Бишкек ин суханҳоро гуфтааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь