Дасткорӣ | Толибон* ба Тоҷикистону Ӯзбекистон: «Сабри моро лабрез накунед!»

Чӣ санҷида шуд?

12-уми январи соли равон хабаргузории «REPUBLICWORLD.COM»-и Ҳиндустон хабареро зери сарлавҳаи «Сабри моро лабрез накунед»: Толибон* аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хостанд, ҳавопаймоҳои Афғонистонро баргардонанд, вагарна ба амали ҷавобия рӯ ба рӯ мешаванд» нашр кардааст (бойгонӣ). Дар он Толибон* аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостаанд, ки ҳавопаймоҳо ва чархболҳои марбут ба Афғонистонро баргардонанд.

Иқтибос:

«Ман аз (Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки сабри моро лабрез накунанд ва (барои бозпас гирифтани чархболҳо) тамоми чораҳои ҷавобии имконпазирро наандешанд», – гуфтааст вазири дифои Толибон* Яъқуб Муҷоҳид».

Ҳукмнома: Дасткорӣ

Хабаргузории «REPUBLICWORLD.COM» бо такя ба TOLOnews ин иқтибосро овардааст (бойгонӣ), вале ин хабаргузорӣ чунин иқтибосро нашр накардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо тариқи ҷустуҷӯи Google маълум кардем, ки хабаргузориҳои дохилӣ ва хориҷие, ба монанди Sputnik tj, Азия-Плюс, ТАСС ва дигар расонаҳо ба ин монанд хабарро нашр кардаанд, вале ин хабаргузориҳо низ аз иқтибосе, ки мавриди санҷиш қарор додаем, чизе нанавиштаанд.

Хабаргузории TOLOnews, ки расонаи расмии Афғонистон ба ҳисоб меравад, дар мавриди баргардонидани чархболҳо аз забони иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Афғонистон Яъқуб Муҷоҳид навиштааст (бойгонӣ): «Чархболҳое, ки чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Ӯзбекистонанд, бояд баргардонида шаванд. Мо иҷоза намедиҳем, ки ин чархболҳо дар берун бимонанд ва ё аз онҳо истифода баранд».

Ҳамзамон, ӯ ҳушдор додааст, ки агар ин кишварҳо чархболҳои Афғонистонро барнагардонанд, ба паёмадҳои баде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Хулоса

Дарвоқеъ, толибон ибораи дар иқтибос бударо, ки «Ҷониби Тоҷикистону Ӯзбекистон сабри моро лабрез накунанд» аст, нагуфтаанд. Аз ин хотир, санҷиши мо ҳукмномаи «Дасткорӣ»-ро мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь