Чӣ санҷида шуд?
Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паёмаке паҳн шуда истодааст (бойгонӣ), ки гӯиё аз осмон тавассути ҳавопаймоҳо коронавируси нави «Omikron»-ро мепошанд. Дар паёмак акси бастаҳои чизе бо навиштаҷоти «Omikron» гузошта шуда, дар он қайд мешавад, ки гӯиё ин сурат аз анбори махсусан посбонишавандаи фурудгоҳи шаҳри Кбелеи Ҷумҳурии Чех гирифта шудааст.
Ҳукмнома: Фейк
Паёмаки мазкур бофта аст ва ягон асоси воқеӣ надорад. Аз ин лиҳоз, бидуни ҳеч ваҷҳ қобили боварӣ нест.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Нахуст, ба тарзи навишти калимаи Omikron таваҷҷӯҳ кунед. Номи коронавируси навъи нав «Omicron» аст, на «Omikron». Ин як далели ба ин навъи коронавирус дахл надоштани чизи дар акс тасвирёфта аст.
Агар ба акси дар паёмак нашршуда бодиққат назар кунем, дар рӯйи баста зери навиштаҷоти Omikron пайванди www.omikroncompound.com навишта шудааст. Вақте ба пайванди мазкур ворид мешавед, маълум мегардад, ки воқен ҳам чунин ширкате вуҷуд дорад ва ин сомонаи расмии ширкати истеҳсолие мебошад, ки иловаҳои полипропиленӣ ва полиамидӣ истеҳсол мекунад. Ин иловаҳо асосан дар соҳаи саноат, аз ҷумла дар истеҳсоли қубурҳои пластмасӣ истифода мешаванд. Яъне, маълум мешавад, ки ин ширкат ҳеч рабте ба коронавируси навъи «Omicron» надорад.
Хулоса
Санҷиш маълум намуд, ки паёмаки мазкур ягон алоқамандие ба коронавируси навъи «Omicron» надорад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк»-ро гирифт.