Дурӯғ | Дар ноҳияи Ҷиргатол қирғизҳоро аз Тоҷикистон ихроҷ мекунанд

0
388
Дурӯғ | Дар ноҳияи Ҷиргатол қирғизҳоро аз Тоҷикистон ихроҷ мекунанд
АКС: Poland2day.com

Чӣ санҷида шуд?

«Дар ноҳияи Ҷиргатол қирғизҳоро аз Тоҷикистон ихроҷ мекунанд», – таҳти чунин сарлавҳаи иғвобарангез расонаи қирғизии «24kg» соли равон хабареро ба нашр расонд (бойгонӣ). Дар мавод аз номи сокинони маҳаллӣ омадааст, ки гӯиё Тоҷикистон ба ихроҷ («депорт»)-и сокинони ноҳияи Ҷиргатол бо шиносномаҳои қирғиз шурӯъ кардааст.

Иқтибос:

«Онҳое, ки шаҳрвандии Қирғизистон доранд, муайян карда шуда, фавран ба маркази ноҳия бурда мешаванд. Аз онҳо талаб мекунанд, ки фавран аз шиносномаҳои қирғизӣ даст кашанд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул кунанд. Ва онҳое, ки розӣ нестанд, тавассути гузаргоҳи «Карамык» дар ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ош ба Қирғизистон ихроҷ карда мешаванд. Онҳо ҳатто барои ҷамъоварии чизҳояшон вақт надоранд».

Инчунин, расонаҳои дигари Қирғизистон низ – «Today.kg» (бойгонӣ), «Азия ТВ» (бойгонӣ), «KANT.kg» (бойгонӣ), бо такя ба хабаргузории «24kg» дар ин бора иттилоъ додаанд. Вале бо чунин тарз пешкаш кардани хабар ва он ҳам бидуни зикри ному насаби сокинони маҳаллӣ моро водор намуд, дурустии ин хабарро бисанҷем.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Санҷиши хабари расонаҳои Қирғизистон дар бораи ихроҷи шаҳрвандони ин кишвар, ки муқими ноҳияи Лахши Тоҷикистон ҳастанд, аз ягон манобеи мӯътамад тасдиқи худро наёфт. Ин ки манбаи худи расонаҳо номаълум аст, далели бофта будани хабарро бозгӯ мекунад.

Скриншот аз сомонаи 24kg

Чӣ гуна санҷида шуд?

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон ноҳияе бо номи Ҷиргатол (тавре расонаҳои Қирғизистон менависанд) мавҷуд нест. Ҳанӯз 1-уми феврали соли 2016 номи он ба ноҳияи Лахш иваз карда шудааст (бойгонӣ).

Дигар ин ки расонаҳои хабарии дар боло зикршуда ба ягон манбаи расмӣ такя накардаанд ва ба сифати сарчашмаи хабар танҳо аз қавли «сокинони маҳаллӣ», ки он ҳам бидуни зикри ному насаб ва акси онҳо, маводи мазкурро таҳия кардаанд. Яъне, маълум нест, ки он сарчашма кист? Ва то куҷо дуруст мегӯяд? Чун набудани маълумоти саҳеҳ дар бораи сарчашма, далелнокии маводро кам мекунад ва ё аз байн мебарад.

Дар ин росто, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти интишорнамудаи як қатор расонаҳои қирғизиро дар бораи пурзӯр шудани назорати шиносномаҳои сокинони қирғизтабор дар ноҳияи Лахш рад мекунад (бойгонӣ).

«Далелҳои дар ВАО-и Қирғизистон интишорёфта аз ҳақиқат дур мебошанд. Дарвоқеъ, дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд», – гуфтааст сардори Маркази матбуоти ВКД-и Тоҷикистон Нусрат Маҳмадзода ба АМИТ «Ховар».

Хулоса

Санҷиш маълум кард, ки хабари расонаҳои Қирғизистон дар мавриди ихроҷи шаҳрвандони ин кишвар аз ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-и Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро гирифт.


Ба Telegram-канали мо обуна шавед ва танҳо маълумоти боэътимодро ба даст оред! Моро дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бихонед!


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

Журналист-далелсанҷ. Соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси "журналист" хатм кардааст. Аз соли 2013 инҷониб бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ дорад. Иштирокчии чандин семинару тренингҳо оид ба санҷиши далелҳо мебошад.

Шарҳи худро гузоред