Таҳқиқ | Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон

Сокинони Тоҷикистон то ҳоло танҳо ба воситаи ду ширкат – «Расул-Сохтмон» ва «Ормон» – метавонистанд, ба ҳаҷҷи умра раванд. Ин ширкатҳо барои сорбонӣ ё роҳбарии ҳаҷҷи умра «ҳаққи ягона» ё истисноӣ доштанд. Вале акнун муҳлати қарордоди ихтисосии онҳо бо Кумитаи дин ба поён расидааст ва эҳтимоли зиёде нест, ки он давом дода шавад. Шояд бо ду ширкат маҳдуд будани ҳаҷ яке аз сабабҳои гаронии сафари зоирон дар қиёс бо баъзе аз ҳамсоякишварҳо буд.

Ба гуфтаи манбаъҳои мо, ба зудӣ ҷойи ин ду сорбони ҳаҷро як ширкати нав мегирад ва мумкин аст, бо монополитар ва гаронтар шудани ин сафар ҳаққу имкони шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Каъба боз ҳам маҳдудтар хоҳад гашт.

Орзуи нокоми ҳаҷҷи «осон»

Ду сол аст, ки зиёрати Каъба дар Арабистони Саудӣ барои аксар мусалмонони рӯи дунё дастнорас аст. Далел, албатта, паҳншавии пандемияи коронавирус мебошад. Аммо аз нимаи дуюми соли 2021 роҳ ба сӯи Маккаву Мадина боз шуд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар остонаи фиристодани нахустин гурӯҳи зоиронанд.

Абдулкарим – ҷавоне аз Душанбе, тирамоҳи соли 2021 инҷониб дар ҷустуҷӯи роҳҳоест, ки тавонад, падару модарашро бо харҷи камтар ба ҳаҷҷи умра бибарад. Вай мегӯяд, ба роҳбалад ниёз надорад ва харҷеро, ки ширкатҳои сайёҳӣ барои фиристодани се нафар талаб мекунанд, низ пардохта наметавонад.

«Бино ба нархгузории нав, барои 3 нафар, бештар аз 85 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 7,5 ҳазор доллар) талаб карда мешавад. Ман забони арабӣ ва англисиро медонам ва худам метавонам, падару модарамро бо харҷи нисбатан камтар ба зиёрат барам ва роҳбаладӣ кунам. Дар Тоҷикистон монеаҳое гузошта шудааст, ки наметавонам мустақилона ё бо харҷи камтар ин корро анҷом диҳам», – нақл кард Абдулкарим.

То оғози пандемия, ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор кас ба ҳаҷҷи фарзӣ мерафтанд

«Бидуни роҳбалад анҷоми ҳаҷ машаққат дорад»

Як роҳбалади ширкати «Расул Сохтмон» бе зикри ном дар суҳбат ба мо гуфт, «бештари шахсоне, ки аз Тоҷикистон ҳаҷҷи умра мекунанд, куҳансолоне ҳастанд, ки боре ҳам ба хориҷа нарафтаанд. Биноан, мустақилона ва бе роҳбалад анҷом додани сафар барои онҳо машаққати зиёде меорад».

Дар ҳоле, ки рақами телефон ва суроғаи ширкати «Расул Сохтмон» барои расонаҳо дастрас нест, то ҷузъиёти ташкили сафар расман аз онҳо пурсида шавад, роҳбалади ширкат бе зикри ном баъзе аз ҷузъиётро нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳар гурӯҳе, ки ба ҳаҷҷи умра фиристода мешавад, аз 20 то 45 кас иборат аст.

«Ҳаҷҷи умра 15 рӯзро дар бар мегирад. Роҳбалад дар умум 500 доллар мегирад. Аз маҷмӯи 2100 доллар ё 24 ҳазор сомоние, ки то охири соли 2019 барои ҳаҷҷи умра талаб мешуд, ҳудуди 500 доллар виза ва боҷи Арабистони Саудӣ, 800 доллар парвози Душанбе – Дубай – Ҷидда – Дубай – Душанбе ва боқимондаи он харҷи меҳмонхонаву хӯрок ва роҳкирои дохили Арабистони Саудӣ – аз Макка ба Мадина ва маконҳои дигари муқаддас, мешуд. Агар як шаҳрванд мустақилона сафар кунад, мумкин аст, то 500 доллар сарфа намояд, аммо машаққате мебинад, ки бештар аз 500 доллар аст», – гуфт роҳбаладе, ки таҷрибаи даҳсолаи сорбонӣ дорад.

Аммо чаро ин сафар дар ихтиёри ду ширкат гузошта шуда ва харҷи анҷоми он гаронтар, фаразан аз Қирғизистони ҳамсоя аст? Суолест, ки то ҳол посух пайдо накардааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон дар посухи хаттӣ гуфт, дар соли 2019 бештар аз 3 ҳазор нафар (ба иттилои расонаҳо, 3273 кас) ба Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи умра рафтаанд. Ин афродро ду ширкат – «Расул Сохтмон» ва «Ормон», бурда буданд. Як масъули «Ормон» ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ширкати онҳо дар соли 2019 ҳамагӣ 400 касро ба Арабистони Саудӣ бурд. Мутаносибан, бештар аз 2800 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ширкати «Расул Сохтмон» ба Саудӣ расондааст.

Citizen of Tajikistan in Hajj 2014

15 ҳазор ҳоҷӣ – дар як сол

Дар ҳоле, ки дар соли 2019 аз маҷмӯи 9 млн. шаҳрванди Тоҷикистон 3273 кас ба ҳаҷҷи умра рафтаанд, аз 6 млн. шаҳрванди Қирғизистон наздики 15 ҳазор кас ин зиёратро анҷом додаанд. Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки адои ҳаҷҷи умра аз он кишвар аз 1300 доллар шурӯъ мешавад ва қариб 30 ширкат ҳаққи бурдани шаҳрвандонро ба ҳаҷҷи умра доранд.

Мақсат Атобоев, сухангӯи Раёсати маънавии мусалмонони Қирғизистон дар суҳбат бо мо гуфт, бори охир аз ин кишвар ба Арабистони Саудӣ шаҳрвандон дар соли 2019 сафар карда буданд. «Дар кишвари мо шаҳрвандон наметавонанд, мустақилона виза гирифта, ба ҳаҷҷи умра раванд. Танҳо тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ин кор анҷом мешавад. Аммо ширкатҳо хеле зиёданд. Ҳар шаҳрванде мехоҳад, метавонад, ба ҳаҷҷи умра равад», – гуфт Атобоев.

Дар Тоҷикистон низ, ба монанди Қирғизистон ва бештари кишварҳои дигар, шаҳрвандон наметавонанд, мустақилона аз сафорати Арабистони Саудӣ визаи ҳаҷҷи умра дарёфт карда, ба он кишвар раванд. Дар посухи хаттӣ ба дархости Абдулкарим, ҷавоне аз Душанбе, ки мехост, виза дарёфт карда, падару модарашро ба ҳаҷҷи умра барад, аз сафорати Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ин сафар танҳо тавассути Кумитаи дин ва ширкатҳои сайёҳӣ бояд анҷом шавад.

Талоши сафари мустақилона ба Маккаву Мадина дар гузашта дар фурудгоҳи Душанбе пешгирӣ шудааст. Дар охири соли 2019 Кумитаи дин хабар дода буд, ки аз сафари ғайрирасмии 30 шаҳрванди Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ пешгирӣ кардааст. Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, пешгирӣ аз сафарҳои ғайрирасмӣ ба далели он аст, ки «шаҳрвандон аз саргардонӣ ва мушкилот дар ин сафар наҷот дода шаванд».

Ҳаҷ дар аҳди пандемия

Масири дигар

Албатта, як масири дигар барои расидан ба Маккаву Мадина мавҷуд будааст: баъзе аз шаҳрвандон нақл карданд, ки бо дарёфти визаи корӣ, тиҷорӣ ва сайёҳӣ аз сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе тавассути Ӯзбекистон ба ҳаҷҷи умра рафтаанд. Намояндаи Кумитаи дин мавҷудияти ин роҳҳоро рад накард, аммо гуфт, масирҳои мазкур машаққатовар ҳастанд.

Роҳбаладе, ки ба шарти ифшо нашудани номаш бо мо суҳбат кард, гуфт, акнун бо визаҳои кориву тиҷорӣ наметавон вориди Каъба шуд. Зеро, ба гуфтаи вай, «назорат дар маконҳои муқаддаси Арабистони Саудӣ сахттар шудаву танҳо касоне ба зиёратгоҳҳо роҳ дода мешаванд, ки маҳз визаи сайёҳӣ – ҳаҷҷро доранд».

Дар Кумитаи дин дар посух ба ин суол, ки дар ҳар ҳол, чаро дар ин бозор рақобат дида намешавад ва танҳо ду ширкат дар бозори мазкур то кунун мавҷуд буданд, гуфтанд, «то имрӯз шароиту имкони лозимиро шояд ҳамин ду ширкати болозикр доштанд. Ширкатҳои дигари сайёҳӣ низ метавонанд, бо пешниҳодҳои асоснок ба кумита муроҷиат намоянд».

Гуфта мешавад, идораи «Расул Сохтмон» дар инҷост

Ҳамзамон, Кумита дар идомаи посухи хаттӣ навиштааст, «ҳар сол пеш аз оғози мавсим ширкатҳои мазкур («Расул Сохтмон» ва «Ормон») бо кумита қарордоди яксолаи ҳамкорӣ мебастанд ва табиист, ки ҳоло муҳлати қарордоди мазкур ба охир расидааст. Оё кумита дар оянда бо ширкатҳои мазкур қарордоди ҳамкорӣ хоҳад дошт, албатта, ин масъала дар оянда дар доираи салоҳияти мақоми ваколатдор баррасӣ хоҳад шуд». Ба иттилои чанд манбаи боварбахш, «дар ояндаи наздик ширкати наве вориди бозор мешавад ва зимоми сафари ҳаҷҷи умраро аз Тоҷикистон дар даст мегирад. Дар баробари ин, нархи ҳаҷҷи умра низ то ба 29 ҳазор сомонӣ боло хоҳад рафт». Бо ин тағйирот, орзуи анҷоми сафари ҳаҷҷи умра аз Абдулкарим, волидони вай ва шаҳрвандони дигари камдаромад, гирифта хоҳад шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь